То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд

Ёддоште аз Додоҷон Атовулллоев

603133_656922200993690_1244032434_nЗиндагӣ (дар ин дунё) як бор меояд ба даст.

Танҳо як бор.

Танҳо як бор ту аз вазиши бод, хандаи офтоб, дидори азизонат лаззат мебарӣ. Нигоҳҳои хушбахтонаи тифлонаконат туро шод мекунад. Сарафроз мешавӣ, чун модарат сӯи ту барои амали неке лабханд менамояд.

Ончуноне ки овардаанд: умр агар хуш бигзарад, умри Хизр кам аст.

Аммо дар кишвари мо навҷавонон ҳатто даст ба худкушӣ мезананд. Мардони баоре ниёиш мекунанд: Худоё! Зудтар ҷонамро бигир ва аз ин зиндагӣ халос бинамо.

Муҳтоҷӣ, навмедӣ, бекорӣ, умеде ба ояндаи хуб ва як зиндагии арзанда надоштан ҷомеъаро фаро гирифтааст. Ба як калом, зиндагӣ зиндон шудааст. Зиндони бе посбон. На маконе барои гурехтан, на пайроҳае барои наҷот ёфтан…

Вале мо вонамуд мекунем, ки зиндагӣ дорем. Зиндаем, аммо зиндаҳое бадтар аз мурда. Мо дар паси як экранем, ки рӯяш матоъи сиёҳе овезон аст ва зиндагӣ дар паси он мегузарад. Мо хушбахтиро дар афсонаҳо мехонем: «Онҳо ба муроду мақсад расиданд».

Кӣ гунаҳгор аст?

Гунаҳгор кист?

Ҳукумат?

Бале.
Вазъият?

Шояд…

Сарнавишт? Хм…

Ман мегӯям: мо гунаҳгорем!

Мо гунаҳгорем, ки беҳтарин ҳадяи Илоҳӣ — зиндагиро қадр накардем.

Мо ҳама дари ҳама мактабҳо рафтем, аммо дарси зиндагиро наомӯхтем. Аз ин муаллим, аз ин устод гурехтем.

Пеши омӯзгороне рафтем, ки фалсафаи дунёбезорӣ омӯхтанд.

Дар фанни тарс ҳама аълохон шудем.

Пасон ҳамагон роҳи донишгоҳи сабрро пеш гирифтем. Ҳама Собир, Сабур, Сабрина, Сабруллоҳ, Сабралӣ, Сабриқул, Муллосабриддин шудем.

Касе завлонаҳои моро шикастан хост, панҷараҳои зиндонро кушудан хост, даъват ба пора-пора кардани девори тарсу сабр намуд, девонааш хондем.

Ва акнун дорем, он чизеро ки дорем: кулбаҳои вайрона, китобҳои бе хонанда, дастурхони холӣ, либосҳои аз Дақёнус монда, тани дардманду дили мустаманд.

Ва акнун дорем: зиёиёни торикдил, шоирони бе шару шӯр, вакилони беваколат, ҳукумате бе орият ва бе ҳамият, ҳизбҳои кисагӣ, муллоҳои дарборӣ…

Ва боз: дилҳои холӣ, кисаҳои холӣ, дастурхонҳои холӣ.

Ва зиндаем гӯё.

Нафас мекашем.

Нос мекашем.

Дуо мехонем, дуо мекунем ва боз қути лоямуте мехӯрему мехобем.

Аммо зиндагӣ мегузарад…

Бе мо…

Чора чист?

Бедор шудан!

Мардона зистан!

Ва зиндагиро либоси дигар пӯшонидан.

Либосҳои кӯҳнаро ба кӯча афканед.

Ҳукуматро нав бисозед!

… Дарси нахустин: худро дигар кунед. То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд.

Агар мо дигар бишавем, зиндагиро он гоҳ дигар мекунем.

Вазифаи хонагӣ:

Милитсионер ришатонро гирифтани мебарад, мӯи сарашро битарошед. Риши одамро базӯрӣ гирифтан, баробари таҷовуз ба номус аст.

Агар ба Қуръон бовар доред, дар Каломи Шариф омадааст, ҳимоят аз номус воҷиб аст. Агар авбоши ҳуҷҷатдоре бо Калашников дар даст вориди манзили ту гардад, бо асое мехезӣ?

Агар ба Конститутсия — Қонуни Асосӣ эътиқод дорӣ, агар туро касе қасди куштан мекунад, ту барои дифоъ аз ҳаётат метавонӣ аз ҳама васоил истифода бубарӣ.

Бидруд, зиндагӣ?

На! На! На!

Дуруд, зиндагӣ!

Источник: WORDPRESS

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты