ЧАКОМАИ "НЕ"

ЧАКОМАИ "НЕ"

...Ва инак мархалаи сарнавиштсоз фаро расид. 
Баъзе гуруххо мехоханд хамаро битарсонанд. 
Байни мардум дахшат биафкананд. 
Тахдид барои танкид, тахдид барои лайк, тахдид барои муколама бо шахсе, ки танхо акидаи дигар дорад...

Ё мо хама аз ин хама дасисахо метарсем ва ба дахшатафканон шонс барои пирузи бар хамагон медихем ва дигар онхо моро тамоман мешикананд ва ё мукобилият нишон медихем.

Не! 
Як "Не"- шумо бар мукобили ноадолати, бар мукобили пастфитрати, бар мукобили разолат ва чахолат метавонад вазъро дигар бикунад, пеши рохи доман задани тарсидан ва ларзиданро бигирад.

Танхо - "НЕ" гуфтан. 
Рози нашудан...
Сар хам накардан...
Ва инсон мондан!

Агар бетараф меистем ин маънои онро надорад, ки бехатар мемонем. 
Имруз дари хамсояатро куфтанд, фардо дари туро мекубанд. 
Имруз сатри духтари ношиноси туро гирифтанд, фардо ба руи хонуми ту чашм ало мекунанд.

Имруз нахзатихоро фишор меоваранд, фардо фишор бар сари хизби ту меояд...

Ва хамдигарро тарс медихем: 
Хомуш бош, ки боз амният бар сарат наояд. 
Нан��вис, ки рузномаро мебанданд
Эхтиёт намо, бародаратро аз вазифа сабукдуш насозанд. 
Э, чи даркор ба ту зидди "калонхо" гап задан. Ними нон- рохати чон...
Ва ин бадтарин андарз ва насихатномаи мардум шудааст.

Касе намегуяд: 
Бебок бош
Мардона зиндаги кун
Саратро пеши касе хам накун. 
Аз марг натарс, аз беномуси битарс!

Ва яке- яке моро мекушанд. 
Ва яке- яке моро зиндон мекунанд. 
Ва яке- яке моро тарсу месозанд.

Танхо ТАРС аст, ки хиёнат вусъат меёбад. 
Танхо ТАРС аст, ки инсонро ба хайвон табдил медихад. 
Танхо ТАРС аст, умри режимхои худкомаро дароз менамояд.

Биёед хама бо хам танхо ин ду харф ва як калимаро ба забон биёварем: 
НЕ!
Ман ин амри нодурустро ичро намекунам! 
НЕ! 
Ман намегузорам, ки касе риши маро битарошад! 
НЕ! 
Ман бетараф намеистам, вакте хамсояамро касе тахкир месозад. 
НЕ! 
Ман бо ин музди ночиз кор намекунам! 
НЕ! 
Ман касеро намегузорам, ки ба хаёти шахсии ман дахолат мекунад! 
НЕ! 
Ман ин маколаро чоп намекунам!
НЕ! 
Ман он либосеро мепушам, ки писанди худам аст! 
НЕ! 
Ман шаходати нодуруст намедихам, ки як нафар бе гунох зиндон бишавад! 
НЕ! 
Ман пора намедихам! 
НЕ! 
Ман ин тавр зиндаги кардан намехохам!

НЕ! 
НЕ!
НЕ!!!

Додочон Атовуллоев


_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты