Д. Атовуллоев: БА ЭМОМАЛИ РАХМОНОВ БИГУЕД..

БА ЭМОМАЛИ  РАХМОНОВ БИГУЕД.. 

Мо то имруз конунхо ва усули муборизаи сиёсиро риоя мекардем. 

Мо то имруз аз марзи муборизаи сиёсии дар тамоми дунё пазируфташуда гоме берун наниходаем. 

Мо то имруз дар ру ба руи хиёнатхо ва зиштихои шумо, амнияти шумо, хоялесони шумо танхо лабханд мезадем: фаросат ва одамияти шумо ва думравони шумо чунин бошад, давое нест. 

Аммо хама марзхоро шумо шикастед. 

Хатти сурхи одамият аз рафтору кирдори шумо ва тарафдорни шумо сурх гашт. 

Умарали Кувватовро куштед. 

Максуд Иброхимовро аввал дар Маскав кордборон кардед, пасон ин чавони захмиро дуздида ба Душанбе овардед ва зиндон кардед, 

Болои волидайни мухолифин фишор меоваред. 

Нашармида модари Шарофиддин Гадое��ро водор кардед, ки модар зидди писар харф бизанад. 

Як бор аз ноадолатихо Собир Валиев сухан кард, дигар дар девори манзили у " хоин" навиштед, яъне ишора кардед, ки ин манзили хоин аст ва бо хоин харчи метавонед бикунед. Рузи дигараш  наздикони варо ба шуъбаи милитсия даъват карда тахдиду тахкир намудед. 

Танхо барои танкиди шумо чандин нафар навчавони бегунох зиндон шуданд.

4 март додгоҳи Душанбе Умедҷон Солиҳовро ба муддати 17,5 сол маҳкум ба зиндон кард. 14 март Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов 16 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. 

17 нафари дигар бо дархости шумо дар Россия боздошт ва холо интизори истирдод ба Душанбеянд. 

Гунохи онхо чист? Навиштае дар Фейсбук, ширкат дар гирдихамои ва дар телефонашон ёфтани расми танзомез ба шумо! 

Ман аз риштарошию сатру хичобкашии шумо ва аскарони шумо намегуям. 

Ман аз сахнахои фахш  пур кардани телевизион ва расонахо, бо  дурбин ба бистари мардум наззора кардани шумо намегуям. 

Ман аз зиндонхо бо бегунохон пур кардани шумо намегуям. 

Аммо огох бошед: мо будем, ки пеши рохи онхоеро ки мехостанд интиком биситоянд, мегирифтем.

Мо будем, ки ба тарафдоронамон мегуфтем, ки саг аккос бизанад, ту аккос мазан, рохатро давом бидех. 

Ва ошкоро: мо будем, ки пеши муборизаи мусаллахонаро мегирифтем. 

Ва талкин мекардем: тамоми дунё ба як катра хуни инсон намеарзад. Мо танхо бо сухан, бо интихобот, бо гирдихамои мехостем хукуматро тагйир дихем. 

Дигар шумо хамаро шикастед. 

Дигар  ёрони мо моро айбдор менамоянд, ки мо " демократиябози" мекунем ва онхо хаста шудаанд. 

Онхо ба кучо мераванд!? 

Онхо ба кадом гуруххо мепайванданд? 

Онхо ба чи амалхо даст мезананд? 

Мо дигар намедонем! 

... Хануз ду руз нашудааст, ки митингеро мо дар Берлин созмон додем. Аллакай сагони шумо хона ба хона мегарданд, падару модарони иштирокдорони гирдихамоиро метарсонанд, айбу гунох мечуянд: дар мактаб чи хел мехонд? Хешовандонаш кихоянд? Бо ки дусти мекунад? Нос мекашад? Намоз мехонад? Дустдухтар дорад? 

Ва ин номаш ТЕРРОР аст. Террори маънави!!!!

Ман ба шумо нома менависам. 

Ва хатто "шумо- шумо"гуён мурочиат мекунам. 

Ва хануз ба мубориза бо андешаву бахсу методхои муборизаи Махатма Ганди, Нелсон Манделла бовар дорам. 

Хануз рохеро ба чуз демократия  ва мардумсолори ва адолат намешиносам. 

Аммо дигарон чи?

Зулм хам марз дорад. 

Деги сабр хам хачм дорад. 

Медонед? 

Агар донед бозистед, аз марз нагузаред. 

Ба дег нигаред: пури пур шудааст. 

Газаби мардумро набиёред,  ки модаратонро ба чашматон нишон медихад. 

Фаромуш кунед, ки шумо шохзодаед( ха- ха- ха- ха) ва дигаронро крокодил зоидааст!!!

Дигар хаволаатон ба Худо!


Дододжон Атовуллоев. 

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты