Дархости Додоҷон Атовуллоев аз аъзои “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” ва созмони тозатаъсиси мавсум ба “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”, хитоб ба аъзо ва ҳаводорони ин анҷуман, иқдомоти даҳгонаеро ба унвони нахустин гомҳои ин анҷуман баршумурдааст.


Ӯ, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук таҳти унвони “Гом ба гом” ё “10 вазифаи нахусти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”, иқдомоти даҳгонаи ин анҷуманро ба шарҳи зерин унвон кардааст:

  1. Дар перомуни Анҷуман ҷамъ овардани тамоми нерӯҳои солими кишвар, шахсиятҳои таъсиргузор ва созмонҳои фаъоли иҷтимоӣ;
  2. Эҷоди робитаи мустақим ва баргузории мулоқотҳо бо намояндагони давлатҳои гуногун, махсусан давлатҳое, ки кафили Созишномаи сулҳи Тоҷикистон буданд;
  3. Таҳияи «Китоби сиёҳи Тоҷикистон» ва сабти ҷиноятҳои зиддибашарӣ — (преступления против личности и человечества), одамрабоӣ, кушторҳои сиёсӣ, шиканҷа дар зиндонҳо дар он;
  4. Барои Додгоҳи Байналмилалии Кайфарӣ (Международный уголовный суд)-и вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид омода кардани парванда алайҳи Эмомалӣ Раҳмонов бо тамоми далелу санадҳо;
  5. Таҳияи рӯйхати мансабдороне, ки беш аз ҳама дар Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро зери по менамоянд ва ба кишварҳои демокративу созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намудан барои таҳрими ин афрод, аз ҷумла визо надодан, масдуд кардани ҳисобҳои бонкии онҳо ва ғайра ба монанди «Рӯйхати Магнитский» дар Русия;
  6. Таҳияи китоби хотираҳои қурбониёни ҷанги дохилии Тоҷикистон ва ибтикор барои сохтани БОҒ ва ДЕВОРИ ХОТИРА барои сабти номи ҳамаи қурбониёни ин ҷанг;
  7. «Умед ва интизор». Рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои гуногун мутахассиси варзида гаштаанд. Муъаррифии онҳо ба ҷомеъа ва ҷалби онҳо ба умури давлатдорӣ ва мудирият;
  8. Эътирозоти бидуни хушунат ва ё нофармонии маданӣ: созмон додани гуруснанишинӣ, пикет, гирдиҳамоӣ, коршиканӣ дар дохили кишвар ва дар назди биноҳои СММ, Порлумони Урупо, САҲУ (ОБСЕ) ва ғайра;
  9. Ба роҳ андохтани як телевизюни мустакилли мохвораи мисли К+;
  10. Таъсиси созмонҳо барои дифоъ аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия.
Манбаъ: Шабакаи иҷтимоии Фейсбук
_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты