Мнение:

Фирори полковник тамоми он “шукӯҳу шавкатҳои” маҷозии ҳукуматро шикаст ва нишон дод, ки ҳама картонӣ-коғазӣ будаанд ва аз як бодаке, шамолаке мерехтаанд. Дигар ягон кас, ягон кишвар, ягон нерӯ наметавонад, ки Раҳмоновро наҷот бидиҳад.

Додоҷон Атовуллоев: ...Гулмурод Ҳалимов имрӯз қаҳрамони Тоҷикистон аст.

...Гулмурод Ҳалимов имрӯз қаҳрамони Тоҷикистон аст. Дар ҳамаи хонаҳои Тоҷикистон аз ӯ ҳарф мезананд. Бонуфузтарин рӯзномаҳои дунё аз ӯ менависанд. Дирӯз бо яке аз дипломатҳои ғарбӣ, ки дар Душанбе кор мекунад сӯҳбат доштам ва ӯ низ таъкид кард, ки барои бисёриҳо ин мавзеъи сарҳанги тоҷик чун қаҳрамонӣ тавсиф мешавад. Албатта ин ҷо сухан аз он нест, ки вай ба кӣ ва ба кадом нерӯ пайваст. Феълан коре ба ин ҷиҳаташ надорам. 1. Фирори полковник тамоми он “шукӯҳу шавкатҳои” маҷозии ҳукуматро шикаст ва нишон дод, ки ҳама картонӣ-коғазӣ будаанд ва аз як бодаке, шамолаке мерехтаанд; 2. Танкҳои замонавӣ, ҳавопаймоҳои охирин модел, анборҳои моломол аз яроқу аслиҳа наметавонанд бидуни сарнишину афсару аскари дилдода ягон ҳукуматро посбонӣ намоянд. Дар майдони набард агар солдат ё полковник дарк накунад, ки бар ивази чӣ чиз ҷонашро қурбон мекунад, ягон вақт намеҷангад ва ӯ ба осонӣ ё ба сӯи «душман» мегузарад ё ихтиёрӣ асир мешавад ва ё мегурезад. Ончуноне ки ҳазорон ҳазор ҷавонони тоҷик ба армия нарафта, аз ин армия мегурезанд; 3. Бубинед, вақте ба муқаддасоти инсон — инсони бономус мерасанд, ӯ мисли шер меғуррад. Сабр ва шукрона фалсафаи ғуломон аст. Исёни поковникро аслан бояд роҳбарони ҳаракатҳое мекарданд, ки номи Ислом барояшон бренд, нишона ва гӯё роҳномаашон аст. Ришашонро тарошиданд, гуфтанд сабр. Зиндон карданд, гуфтанд сабр. Сатри хоҳарашонро дариданд, гуфтанд сабр. Таҷовуз карданд, гуфтанд сабр. Ва лекцияхониву афсонагуиву жожу можҳои дигар… Аммо ин полковник чунон рафторе кард, ки бештар аз ҳамаи ин ҳизбҳо барои дифоъи муқаддасоти динӣ ва миллӣ буд. Баъди ин кафолат медиҳам, ки риштарошакони раҳмоновӣ мисли муши мурда руст мешаванд. Онҳо фаҳмидаанд, ки: Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд ки паланге хуфта бошад. 4. Баёнияи нахустини полковник гувоҳӣ аз он медиҳад, ки маҳз фишорҳо болои диндорон ва таҳқири дини мубини Ислом ӯро ба таҳрик овардааст. Аммо чаро ӯ ба ҳизби исломии мавҷуд напайваст? Шояд ӯ низ дарк кард, ки наҳзат низ мисли ҳукумат фалаҷ шудааст. Ва полковнике, ки донишвар ва варзида аст, ҳатман баъди таҳлилу тадқиқ рӯ ба Сурия овардааст. Вагарна ӯ ҳама чиз дошт. Ҳам эътибор, ҳам мақоми баланд ва ҳам шанс барои карйера дар оянда. Мегӯянд, ӯ аз муносибати хоссаи Рустами Эмомалӣ низ бархӯрдор буд; 5. Режимҳои диктаторӣ ба осонӣ аз байн мераванд, аз дохил оҳиста-оҳиста мепӯсанд ва як кас ё як гурӯҳе метавонад онҳоро вожгун бикунад. Тасаввур кунед, агар ин полковник касди табаддулот мекард, метавонист ба осонӣ дар як шаб ҳукуматро бигирад ва бомдод эълон намояд, ки ӯ президенти Тоҷикистон аст. Кӣ чӣ мегуфт? Ҳама каф мезаданд ва пас аз се соат ӯро Обама, Путин, Руҳонӣ табрик мекарданд. Аз таърих медонем, ки агар табаддуллот ба пирӯзӣ бирасад, онро ИНҚИЛОБ меноманд, агар мағлуб гардад, кудато… 6. Исёни полковникҳо дар аҳди Раҳмонов бори нахуст нест. Се бор Маҳмуд Худойбердиев Эмомалӣ Раҳмоновро ба зону шинонда буд. Чанд бори дигар Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев. Аммо афсӯс, ки полковникҳои Тоҷикистон мисли сиёсатмадоронаш ягон бор аз рӯи нақша амал накарданд ва ба осонӣ аз нимароҳ бозгаштанд. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки полковники дигаре пайдо намешавад, ки табадуллотро ба ИНҚИЛОБ бадал бисозад? 7. Раҳмонов аз ин ҳама ҳаргиз сабақе нахоҳад гирифт. Ва ягон вазирро низ сабукдӯш нахоҳад кард. Зеро ҳама вазиру сафирон баргузидаҳо ва ҳамшаҳру ҳамкосаҳои ӯянд;

8. Онҳое ҳам, ки худро оппозитсия мегиранд, сабақе нахоҳанд гирифт, ки чаро чунин норозиёни калидӣ пеши онҳо намераванд, онҳоро намеҷӯянд ва ба кишварҳои ношиносу дур сафар карданро аз ҷустани опозитсионерҳои штатӣ дар Душанбе авлотар медонанд; 9. Ба касе бад мерасад ё на, полковник кори сад Кабирию сад наҳзатро ба сомон расонд ва барномаи зиддиисломии ҳукуматро комилан шикаст; чунон шикаст, ки дигар ягон суперклей низ наметавонад онро бипайвандад. Тамоми он фишорҳо, секс бо муллоҳо, ба фоҳишаҳо пӯшонидани ҳиҷоб, мавъизаҳои имом-хатибҳои дарборӣ — ҳамаро фурӯ резонд; 10. Пекин, Вашингтон, Маскав ва Теҳрон бояд амиқ ба андеша бираванд ва бидонанд, ки ҳамаи кӯмакҳояшон, ҳамаи бозиву мусобиқаҳояшон, ки «чӣ касе аз онҳо бештар Раҳмоновро навозиш мекунад ва кӣ бештар ҳадя меорад?», об ба хован кӯфтан аст. Дигар ягон кас, ягон кишвар, ягон нерӯ наметавонад, ки Раҳмоновро наҷот бидиҳад.


Додоҷон Атовуллоев
_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты