Мнение:

Ҳукумат бе оппозитсия монд ва наҳзатиҳои гурусна сер шуданд: аз мансаб, аз пул, аз давлат... Ҳукумати коммунистӣ коммунизмро билкул фаромӯш кард, оппозитсияи исломӣ бошад Исломро. Онҳо танҳо курсиҳоро, корхонаҳоро, манзилҳоро, вазоратҳоро бо ҳам тақсим карданду бас. Ва ҳечбудагон ҳама чиз шуданд.

Ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон

Созишномаи сулҳе, ки байни ҳукумат ва оппозитсияи Тоҷикистон дар Кремлин имзо шуд, ояндаро на танҳо насохт, балки сӯхт; ояндаи мардуми Тоҷикистонро, ояндаи кишварро...

Санадҳои зебо, пешалови оташи бадбахтӣ гаштанд. Танҳо ду нирӯ дар ин оташ дасту доман гарм карданд: ҳукумат ва наҳзати исломӣ.

Ҳукумат бе оппозитсия монд ва наҳзатиҳои гурусна сер шуданд: аз мансаб, аз пул, аз давлат...
Ҳукумати коммунистӣ коммунизмро билкул фаромӯш кард, оппозитсияи исломӣ бошад Исломро. Онҳо танҳо курсиҳоро, корхонаҳоро, манзилҳоро, вазоратҳоро бо ҳам тақсим карданду бас. Ва ҳечбудагон ҳама чиз шуданд.

Имрӯз аз сулҳ ин ду нирӯ беш аз ҳама ҷор мезананд. Гӯё онҳо гуноҳе надоранд, гуё онҳо оташафрӯзони ҷанг набуданд ва ду кабӯтараки бокираанд, ки ба касе бӯсае ҳам надодаанд.

Ягона худсафедкуние, ки дар ин солҳо аз забони ду тарафи “сулҳ” (гӯё тарафҳои ҷанг кадом амаки дигарашон бошад), мешунавам ин аст: моро ҷанг андохтанд.
Пӯзиш, эй номӯҳтарамон! Магар шумо сагед, ки дигарон шуморо ҷанг андохтанд?!

То даме ки ақаллан як суди маҷозӣ (бидуни зиндон кардан) барои саркардардагони ин ҷанги хонумонсӯз баргузор нагардад ва таърихи ин ҷанг навишта нашавад ва миллат надонад, ки чӣ шуду чӣ гузашт, баъид нест ҷанге нав даргирад.

Як саду панҷоҳ ҳазор нафарро кӣ кушт? Номи онҳо чист? Фарзандони онон чунанд? Кӣ бар сари қабри онҳо гул меорад ва ё ҳамаи онҳо қабр доранд? Кӣ хазорон хонаю манзилро сӯхт ва миллионҳо одамонро беватан кард?
Саволҳое, ки посух мехоҳанд. 
То мо ба ин саволҳо посух наёбем, ранги ободию озодиро нахоҳем дид.


Додоҷон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты