Мнение:

Кадом ваҳдат? Дар сиёсат чунин аст, ки танҳо зӯр зӯрро мешиносад. Хукумат оппозитсияро шикаст.

Дигар Эмомалӣ Раҳмонов намехоҳад, ки Муҳиддин Кабириро ба вальс даъват бикунад.

ИД
Ман ҳайронам, ки иддае ҳанӯз ким- кадом идеро иди ваҳдат гӯён ҷашн мегиранд. 
Кадом ваҳдат? 
Дар сиёсат чунин аст, ки танҳо зӯр зӯрро мешиносад. 
Хукумат оппозитсияро шикаст. 
Эмомалӣ Раҳмонов оппозитсияро овард. Ба як гурӯҳаш мансаб дод, гурӯҳи дигарашро зиндон кард, гапнодароҳояшро “ба моҳигирӣ" (чунин мегӯянд ҳукуматиҳо агар ба касе дастури куштан бидиҳанд), фиристод. Пеши боқимондааш устухоне аз “хони пурнеъмати” давлат партофт. Аз он ҳадяҳо Кабирӣ ҳам хеле бардошт. Олигарх шуд, албатта бо меъёрҳои тоҷикӣ...
... Ҳолиё иди ваҳдат нест, ИДИ ПИРӮЗИИ ҲУКУМАТ аст. 
Ошашон шавад! Ва онҳо ҳақ доранд, бирақсанду бинӯшанду бисароянд. 
Аммо оппозитсия, махсусан Наҳзат, аниқтараш роҳбари Наҳзат, сахт мехоҳад, ки чун чанд соле пеш дар он маъракаҳо бошад. 
Аммо дигар Эмомалӣ Раҳмонов намехоҳад, ки Муҳиддин Кабириро ба вальс даъват бикунад. Ва ин дигар ихтиёри ӯст. 
... Ҳар тобистон ба пӯсти Кабирӣ кайк меафтад: ин навбат ёд мекарда бошад? Бигузор барои вальс не, танҳо барои иштирок, танҳо барои дар рӯихати меҳмонон будан, танҳо ба хотири ҳамон зиндагии пурдабдабае, ки ягон вақт ҳатто орзуяшро надошт ва бурун аз тахаюлоташ буд.
Кабирӣ имсол аз Маскав пайғом фиристод: дар мехмонсарои "Президент- отель" конфронс ташкил кард, зиёфат орост: "Моро фаромӯш накунед..." 
Аммо ин ҳама пойфишориҳо шоҳи маъракаро асабӣ мекунад, мисли маъшуқаи шилкине аз гузашта, ки ҳамеша аз худ дарак медиҳад ва ҳамеша шаҳди базмро талх месозад. 
Сулҳи иҷборӣ имкон дорад, аммо ишқи иҷборӣ не! Ҳатто сафири Тоҷикистон дар Маскав ба "тӯйи Кабирӣ" ташриф наовард, ки ин сахт соҳибтӯйро малул гардонид. 
... Агар Раҳмонов шуморо ба вальс даъват накард, фалсафаи сабр суд надорад, ёри нав барои вальс пайдо кунед.
Ойниҳол Бобоназарова, чи тур?

Додоҷон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты