Мнение:

Онҳое, ки дар бисоташон ҷуз шабушк чизе надоштанд, ба гӯши бузашон ҳалкаи тилло овехтанд. Онҳое, ки бистару простыну пододеяльникашон як ҷомаи бобоӣ буд, аз доллар бистар месохтанд. Нархи як дуо аз як сӯми советӣ ба ҳазору сад ҳазор доллар дакка мехӯрд. Шаҳрҳоро, ҷодаҳоро, бонувонро, ҳоҷатхонаҳоро ду даста бо ҳам тақсим карданд. Яке аз пурхӯрӣ кафид, дигаре аз давлату сарват шодикафак шуду ҷон ба Ҷаббор супорид.

1997. Романи кучактарини дунё.

Ҳаждаҳ сол пеш сулҳро, ки бар ивази хуни ҳазорон ба даст омада буд, зумрае аз навкисаҳо ва нодидаҳо бар навкиса ва нодидаҳое дигар арзон фурӯхтанд. Дуздони галстукдору дуздони дастордор кишварро шабехун заданд. Манзилҳои шаҳриёнро аз худ карданд. Душанбе пойтахти роҳзанон гардид. Саг соҳибашро намеёфт. Кӣ мухолиф, кӣ номухолиф, дигар маълум набуд. 
Маскарад, болмаска... Ҳама ниқоб пӯшида буданд; ниқоби шер, гург, рӯбоҳ, харгӯш, паланг...
Яке саросема ришашро метарошиду галстук мебаст, дигаре савганд ёд мекард, ки "коммунист бошад ҳам, сахт исломӣ аст". Нафаре, ки номашро навиштан наметавонист, вазир шуд ва одамкуши номӣ генерал. Як қотили дигараш худро Каҳрамони Тоҷикистон эълон кард, дигараш устоди устодон...
Соҳибони вайронаҳо соҳибони кушкҳо гаштанд. Онҳое, ки ИХ-2 саворӣ мекарданд, ба Мерседесу Лексус нишастанд. Онҳое, ки дар бисоташон ҷуз шабушк чизе надоштанд, ба гӯши бузашон ҳалкаи тилло овехтанд. Онҳое, ки бистару простыну пододеяльникашон як ҷомаи бобоӣ буд, аз доллар бистар месохтанд. Нархи як дуо аз як сӯми советӣ ба ҳазору сад ҳазор доллар дакка мехӯрд. 
Шаҳрҳоро, ҷодаҳоро, бонувонро, ҳоҷатхонаҳоро ду даста бо ҳам тақсим карданд. Яке аз пурхӯрӣ кафид, дигаре аз давлату сарват шодикафак шуду ҷон ба Ҷаббор супорид. 
Яке аз ҷиҳод мегуфт, дигаре аз давлати ҳуқуқбунёди демукросӣ ... ва ким- чиҳои дигар. 
Ва аммо баъд: ҷиҳод ба ҷиҳоди ишкаму бистар бадал гардиду демукросӣ ба куштану тохтану хӯрдану ридан...
Маскарад тамом шуд.
Ҳама ниқобҳоро гирифтанд. 
Оваҳ! 
... Ҳама ниқобхоро гирифтанд ва маълум шуд, ки ҳама гӯсфандон будаанд...
Ва ҳаждаҳ сол боз онҳо дар боғу гулистони кишвар мечаридаанд. 
... Имрӯз гӯсфандони галстукдор, ки бо зиёд таваллуд карданашон ном баровардаанд, гӯсфандҳои дастордорро шох мезананд ва аз “оғил” берун меандозанд, ки баррачаҳои сершуморашон гушна намонанд. 
Ва ин, табъи гӯсфандони дастордорро хира кардааст. Ва рамабони пурсабру тоқати онҳо дигар чун мӯи дар оташафтода печутоб мехӯрад: созишнома чӣ шуд? Аҳди сулҳро кӣ шикаст? Оштии миллӣ ва оши оштиро кӣ хӯрд? Мо ҳам ош мехоҳем! Бигузор ҳатто бидуни гӯшт бошад...
Вовайло - дар Теҳрон
Воҳасрато - дар Истанбул
Мотам - дар Маскав ...
Савдои сиёсӣ довар надорад. 
На амаки теҳронӣ, на холаи маскавӣ, на отаи туркӣ дигар ба савдои ду роҳзан бовар надоранд. 
Даво боз ҳамон давое, ки дар ҷайб доред: сабралгин, шукридол, валидол, нос... Агар сузиш намонад - филфили тунди покистони...
Худкардаро давое ҳаст магар?

***
Садо аз роҳрави "Президент-отель": 
"Намешавад, ки аз нав биҷангему сулҳ бандему иди ваҳдат кунему боз каме бичарем?" 


Додоҷон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты