Мнение:

Беҳтарин аъзои ҳизбро куштанд. Ӯ гуфт: сабр. Зиндон карданд. Ӯ гуфт: сабр. Раштро тохтанд. Ӯ гуфт: сабр. Дар Рамазон ба Бадахшон ҳуҷум карданд. Ӯ гуфт: сабр.

КАБИРӢ МУҶОҲИД МЕШАВАД Ё МУҲОҶИР?

"Каппем сӯхттттттттт!"

"Мана мекушанд!"
"Ман набошам, ҷанг мешавад!"
... Туркия, Ирон, Германия, Бельгия, Россия... 
Кабирӣ. Кабирӣ.Кабирӣ.

...Ҳолиё Калашников дар китф, шляпа дар сар, риши дароз ва шарфи кабуд дар кадом ҷангале. Дар каф ливои са��з...
Аммо дар паҳлӯяш ба ҷуз чанд хешовандаш ва як ҷувол доллар дигар касе ва чизе нест. Чаро?

Ӯ соле 12 мох, рӯзе 120 бор аз сабр мегуфт.
Осиё ба навбат, акнун ӯро дигарон насиҳат мекунанд: сабр кунед, ҳамааш хуб мешавад. Танҳо сад соли аввалаш мушкилтарак.

Беҳтарин аъзои ҳизбро куштанд. 
Ӯ гуфт: сабр
Зиндон карданд. 
Ӯ гуфт: сабр
Раштро тохтанд. 
Ӯ гуфт: сабр
Дар Рамазон ба Бадахшон ҳуҷум карданд. 
Ӯ гуфт: сабр

Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро аз Маскав дуздиданду зиндон карданд, миҷҷааш ҳам нахӯрд. 
К+ ро бастанд, лаб во накард. 
Умаралӣ Қувватовро террор карданд, ӯ маҳкум накард. 
Ҳатто таъзия баён накард. 
Рӯзҳои сахте, ки бар сари тарафдорони "Ватандор" ва "Гурӯҳи 24" омада буд, ӯ на танҳо дастгирӣ накард, балки моро маҳкум мекард, ки ба ҳукумат ширинтар намояд.

... Имрӯз ...
Акнун, ки бизнесашро мегиранд, ба худаш баъди истифодаи аз ҳад зиёд "ты кто такой, давай до свидания" мегӯянд, аз созишномаи сулҳ гап мезанад. Хатто гондуми зарринро (перезерватив) охири охирон мепартоянд.

Хитоба паси хитоба, мусоҳиба паси мусоҳиба, баёния паси баёния. Гиря, таҳдид, тавалло, тамаллуқ. 
"Ман равам, ҳама экстремисти исломӣ мешаванд" 
Яъне чӣ?
"Ман исломии мӯътадил" 
Дигарон чӣ? 
Ин чӣ мафҳум аст!? 
Хайрият нагуфт, ки исломиҳо талху шӯру ширин мешаванд. 
Агар мегуфт, ҳатман худро ширин эълон мекард. 
Ширинак буд. 
Аммо ширинии зиёд низ одамро ба касалии даҳшатбори қанд гирифтор мекунад: сахарный диабет. 
Ончунон доктор Кабирӣ исломӣ аст, ки нашармида мегӯяд, вақте ҳукумат пешниҳод кард, ки аз ҳизб номи исломро барафканем, ман розӣ будам. 
Ҷорӯби дастат бишканад ту барин шахсеро, ки бо номи ислом ба саҳна омадӣ, бо номи ислом сарвату давлат ҷамъ овардӣ. Бо номи ислом туристи раками яки Точикистон буди...

Дар даҳ соли ахир Кабирӣ чун харсанге пеши роҳи муқовиматро мегирифт. Агар он Наҳзати даҳ сол пеш мебуд, имрӯз ба майдон мерехт. Аммо дар ин даҳ сол роҳбари муаззам ва мӯҳтарам Наҳзатро фалаҷ кард. Бо савдои сиёсӣ, бо созишкорӣ ва бо бепринсипӣ. Ягона коре, ки кард, рекламаи худаш буд. Ончунон реклама кард, ки худаш ба худаш ошиқ шуд.

Як сирри магӯро мегӯям: Кабирӣ аз ҳама беш мехоҳад, ки ҳизбашро бубанданд. Дигар ин ҳизб ба ӯ як дарди сари зиёдатӣ аст. Гуруснаи бисёреро хӯрондану пӯшондан лозим аст. Баъдан, бо баста шудани ҳизб даҳони ҳама кишварҳо ва шахсиятҳоеро, ки ба ҳизб кӯмак мекарданд, метавон баст: пулҳо ҳама сӯхт.

Сирри магӯи сонӣ: Кабирӣ бармаҳал дар фикри тарки Тоҷикистон буд. Ҳанӯз муддатҳо пеш хонаводаашро ба Туркия кӯчонида буд. Сармояҳояшро ҳам берун оварда буд ва фикри бозгашт ба Тоҷикистонро аз сараш дур карда буд. 
Аз рафтан ё нарафтани Кабирӣ ба Тоҷикистон на суде ҳасту на зиёне. 
Мотам нагиред, азизон! Ин зинда ба гиря намеарзад!

Дар хотима:
“(Рӯзи қиёмат) рӯзе аст, ки пешвоён аз пайравон безорӣ ҷӯянд ва азобро мушоҳида кунанд ва миёнашон пайвандҳо бурида гардад. Ва пайравон мегӯянд: кош барои мо бозгаште буд, то ҳамон гуна ки (онон) аз мо безорӣ ҷустанд, (мо низ) аз онон безорӣ меҷустем. Ингуна Худованд корҳояшонро, ки бар онон мояи ҳасратҳост, ба эшон менамоёнад ва аз оташ ба берун омаданӣ нестанд.” (Сураи Бақара, ояти 167).

Додоҷон Атовуллоев

( давом дорад...)


_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты