Мнение:

Ва як пурсиш: он Тоҷикистон ва тоҷиконе, ки ман мешинохтам, дигар буданд. Шояд дар ҳамин бист сол хун ва сиришти миллат дигар шуда бошад?! Ва ин дардҳо давое доранд?

ДАРДНОМА

Дарди аввал: 
... Борҳо мехостам дар ин мавзӯъ бинависам. 
Аммо худро таскин медодам, ки шояд ман хато мекунам. 
Ҳолиё ба хулоса омадаам, ки хато нест ...
Мо ҳанӯз миллат нашудаем. 
Гуфтан аз ин хусус дардовар аст, вале мо сахт маҳалбозу маҳалгароем. 
Онҳое, ки аз ин маризӣ наҷот бурдаанд, ҳастанд, аммо кам, тамоман каманд. 
Моем, ки ба лаҳҷаи ҳамдигар механдем. 
Масхара мекунем яке дигареро. 
Моем, ки ба ин ё он шахсият ва падида пеш аз ҳама аз дидгоҳи маҳал менигарем. 
Моем, ки саволи "аз куҷоӣ?" пурсиши нахустинамон пас аз дуруд гуфтан аст.

Дарди сонӣ:
Нотарсидан аз бадномӣ, номи нек доштан, шарафро аз даст надодан, ҳамеша аз нишонаҳои одамият аст. 
Дар фарҳанги бисёр миллатҳо маҳаки асосӣ, баҳои асосӣ ба инсон ин аст. 
Барои номус , шараф ҷонро қурбон кардан, аз баҳри ҳама гузаштан, амали беҳтарин ба шумор меравад. 
Аммо мушоҳида мекунем, ки ҳамватанони мо осон, ба як пули пучак номусу шарафро мефурӯшанд. Бубинед, дигар касе аз тамаллуқ ба мансабдоре намешармад. Осон ба амонати дигаре хиёнат мекунад. 
Ошкоро мунофиқию даюсию хабаркашӣ мекунанд. "Эҳтиёт бикун зи арбоб, арбоб занад ба хар боб", "Хари ҷӯгия об деҳу нонашро хӯр", "Эҳтиёт кун", "Сабр кун" - фалсафаи зиндагӣ ё худ зиндагиномаю маромномаи мардум гаштааст.
Ришашро мегиранд, хомӯш меистад. 
Рӯймоли хоҳарашро мекашанд, сабр мекунад.
Шаб - чойу нон, рӯз - чойу нон, бомдод - чойу нон ..."шигрона" месарояд.

Дарди севвум.
Гамбӯсаке ҳам чизаке менависад ва худро шоир эълон мекунад. Полковники амният - ҳимоятгари ҳуқуқи инсон ва озодии сухан. Пропагандисти ҳукумат - сардабири аз ҳама рӯзномаи мустақил. Соҳиби ду - се ҳафтаномае, ки сар то по ҳазён - медимагнат, масҷид - клуби сиёсӣ, мулло - атеист, вазорати зидди ришва - ришвахору ришваҷӯ, гастрабайтерӣ - орзуи ширини кӯдакон ва ҳама шоир - ошпазу милисаю вазиру роҳбари ҳизбу фоҳишаю отифаю талабаю толиба... ҳама!
Аз оби гандида шӯрбое мепазад, ки ҳатто намак надорад, аммо ҳамҳамаю дамдама то Боғи Зоғон!!!

Дарди чаҳорум.
Ҳама шери нар, аммо аз як гурба талхакаф мешаванд ва рӯ ба гурба намоз меоранд.

Ва як пурсиш: он Тоҷикистон ва тоҷиконе, ки ман мешинохтам, дигар буданд. Шояд дар ҳамин бист сол хун ва сиришти миллат дигар шуда бошад?! Ва ин дардҳо давое доранд?


Додоҷон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты