Мнение:

"Гадозода ҳар ҷо равад, боз гадост..."

БАЁЗИ ВАТАНДОР


Зи тарёку чарсу зи бангу шароб, 
Зи худ гашта бехуд «Оли Чаноб»,
Бигуфто: лашкар ба Помир кашед, 
Раият якояк сар аз тан занед.
Ба фармони шохи беору нанг, 
Вазири дифояш биёроста чанг.
Ба фармони шоҳи майхори данг.
Ту гӯӣ, ки калбаш бисохта зи санг.
Биороста артиш зи чамъи факир,
Зи пайванди чумла гарибу сагир.
Нишонзанзанонро гирифта зи гайр,
Зи қарлиқу турку лакайхои дайр.
Сипохро кашиданд зи дашту дара, 
Зи айлоқу пуштаи Данғара.
Ба зохир шучоъу ба ботин рубох,
Пур аз биму вахму ба калб русиёҳ.
Ба сони галла, ки чаро мераванд,
Ту гӯи, ки алҳол маро мехӯранд.
Пиёда савора равон чун рубох, 
Тарошида аз худ далеру сипох.
Харису харосон кадам мезаданд,
Кадам зуду дам ба дам мезаданд. 
Куллоҳхудиҳоро ба сар кадаанд,
Ва афзори чангӣ ба бар кардаанд.
Асокир омода беш аз чор хазор,
Бихоҳанд аз Помир бароранд ғубор.
Хазорон силлаҳро ба бар кардаанд,
Ба худ тонку тупро сипар кардаанд. 
Таллу теппаву кӯх гузар кардаанд,
“Ба Помир ба хурдӣ назар кардаанд”.
Асокири Раҳмон ба Хоруг шуданд, 
Ва оташи чангро барафрухтаанд.
Мухосира Хоруг шуд аз чор тараф, 
Хазорон халоик бигашта талаф.
Ба атрофи Хоруг гирифта камин,
Сипоёни Рахмон ба хашму ба кин.
Хама мардуми Хоруғ ба ҷон омаданд, 
Хурушу фигон дар миён омаданд.
Барои набард ба ин чор хазор,
Дарафтода чор тан чу беихтиёр.
Якеро ба ном буд, диловар Имом, 
Далеру хирадманду ҳам паҳлавон,
Халоиқ ба гирдаш ҳама ҷамъ шуданд, 
Чу парвонавор гирди шамъ шуданд.
Хама пиру барно ба ҷанг омаданд, 
Асокири Рахмон ба танг омаданд.
Ба сангу ба чубу ба путку каланд, 
Зану марду кудак бигашта баланд.
Бигуфтанд: бигӯ ҳар чӣ, он мекунем, 
Тану ҷонро низ, ба қурбон кунем.
Баровард хуруше қумандон Имом, 
Бигуфто, ки Рахмон ! корат тамом.
Ба ёрии Имом расид Ёдгор, 
Сипахбад, хирадманди боибтикор,
Биёроста разме дар ин корзор,
Ба амру ба фармони парвардигор. 
Ба артиши Рахмон шабехун заданд, 
Хама решаву беху аз бун заданд. 
Чахон назди “Бузбон “басе хор шуд,
Чу иблис барояш мададгор шуд. 
Ҳама тири Рахмон бихурд бе ҳадаф, 
Басе аскаронаш бигашта талаф.
Миёни чахор кӯҳ бимонд дар каманд.
Сипоҳони Рахмон залил мустаманд. 
Қушунаш ба Хоруғ ба танг омадаст,
Силлохро зи дасту зи чанг додааст.
Чашид ин палид меваи боғи ҷанг,
Сарашро аз ин баъд занад ӯ ба санг.
Пушаймон гаштаст ба охир наҳанг, 
Вале оби рехта н-ояд ба чанг.
Намонд эътиборе бар “Оли Ҷаноб”,
Ки кишвар зи дасташ бигашта хароб.
Хама лаънати Хак сазовори ӯст,
Хама нафрати халк ба дарбори ӯст.
Гадозода ҳар ҷо равад, боз гадост,
Ки фармону амр низ ба дасти Худост!

Шуъайби Ростон, 
Душанбе, 2015

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты