Мнение:

Ман гунахгорам, ки Уро натавонистам дифоъ бинамоям...

У- Сарафрози Оламафруз ном дорад...



У...

... Ягон бор дар зиндаги шахсан бо У вонахурдаам. 
Дар кишвари Фейсбукистон бо У шинос шудам. 
"Ассалом!" - хамеша чунин 
менавишт. 
Ва ман низ агар ба У менавиштам, чунин мек��рдам...
" Ассалом"- и У ба назарам тамоман саломе дигар буд. 
Саломе гарм. 
Саломе самими. 
Саломе офтоби...
Саломе , ки пас аз шуниданаш хатман табассум пайдо мешавад. 
Агар рузе наменавишт, зангаш мезадам:" кучо шуди додари азиз?"
Механдид: "хаминчаем, устод"...

... чандест, ки У нест. 
Ва он " ассалом"- и хоса низ садо намедихад...

... Ман уро ягон бор надида будам. 
Ягон бор. 
Аммо хуб мешинохтамаш. 
У чавонихои ман буд. 
У мане буд, ки кам не, зиёд не- дунёро дигаргун кардан мехост. 
Ва сахт максималист буд, будам, будем. 
Ё ва ё...
Дар хама масъала. 
Бидуни компромисс.

... Барои У метарсидам. 
"Эхтиёт бош!"- насихат мекардам хамеша. 
Ва худам механдидам: ман магар насихати " эхтиёт бош"- ро кам шунидаам?

... У тани танхо мисли як армия буд. 
Мисли як армия дар майдони мубориза меразмид. 
У дар набардгох аз тири душман намехаросид. 
У дар сафи пеш буд. 
Якум. 
Якуми якум. 
Якуми якуми якум. 
Якуме, ки байни дуду оташ, байни таркишу тирборон хитоб мекард: " Ба пеш!". 
У мисли ман буд. 
Пешмарга...
Ё ман мисли У будам?

... ин навчавон, ки навчавонии ман буд, дигар хомуш аст. 
Шояд уро хукуматихо дуздиданд? 
Шояд дар зиндон аст?

Намедонам...
Аммо чун дилам таркид, гуфтам хатман порае аз он дил- диле, ки дигар захми ва осебпазир шуд, барои У таркид...

Бо додар ва модараш муддатест дар тамос нестам. 
"Юсуфи ман кучо шуд?"- шояд, на, шояд не, хатман мепурсад модари У. 
Ман ба ин пурсиш посух надорам. 
Ман чи мегуям, ба модаре, чигарбандашро гум кардааст?

... кам аз касе ёриву ёвари хостаам. 
Аммо ёрдам мепурсам. 
Аз хама.
Аз дустон. 
Аз душманон. 
Хатто аз бетарафон. 
Имруз.
Х,олиё. 
Пайке, паёме аз он бебоки тан ба туфонсупорида бароям пайдо бикунед.

Ва: 
Борхо вазирону атрофиёни Эмомали Рахмонов ба манибарои даст кашидан аз мубориза пешниходхо карда буданд. Ва худи президент низ- дар дидори ру ба ру.

Ман омодаам даст аз мубориза баркашам ва ба Ватан баргардам. 
Агар У дар зиндони шумост ва варо озодаш бинамоед.
У- Сарафрози Оламафруз ном дорад...
У гунохе надорад. 
Ман гунахгорам. 
Ман гунахгорам, ки Уро натавонистам дифоъ бинамоям...

... Хар навбате вориди Фейсбук мешавам, нахустин паёме, ки интизораш мешавам, хамоно хамон аст: 
"Ассалом!"
Аз У...
...
...
...
Додочон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты