Мнение:

Бинобар ин, бароям ин ҳақиқат собит шудааст, ки қонуни Худо шояд ин аст, ки то вақте ки мардум ҳаракат накунанд, ҳаргиз Худо дуои онҳоро қабул нахоҳад кард, зеро Худо мегӯяд: “То вақте ки худатонро ислоҳ накунед, Мо ҳам ислоҳатон нахоҳем кард”.

То вақте ки худатонро ислоҳ накунед, Мо ҳам ислоҳатон нахоҳем кард.

С а в о л и ш а б
ё паём ба Худо

Медонам, имшаб, ки шаби қадр аст, ҳазорон тоҷик даст ба дуо бармедоранд ва дуо мекунанд, ки Парвардигор онҳоро аз зулми золими шумораи яки кишвар наҷот бидиҳад…
Умедворам дуояшон қабул шавад… Худо, ки бузургвор аст.
Аммо бо таваҷҷӯҳ ба солҳои қабл, ки ҳамин гуна дуоҳо мешуд ва зоҳиран қабул намегардид, ҳамеша ин суол бароям пеш меояд, ки чаро ниёиши ин мардумро Парвардигор намепазирад?..
Наузамбиллоҳ, оё Худо ҳам болои ин миллат санҷиш (экспримент) мегузаронад?
Ё ки на, Худо бо забони бе забонӣ мехоҳад бигӯяд, аз шумо ҳаракат, аз ман баракат? Шумо, ки такон намехӯред, чаро дуои хушку холиятонро бипазирам?
Бинобар ин, бароям ин ҳақиқат собит шудааст, ки қонуни Худо шояд ин аст, ки то вақте ки мардум ҳаракат накунанд, ҳаргиз Худо дуои онҳоро қабул нахоҳад кард, зеро Худо мегӯяд:
“То вақте ки худатонро ислоҳ накунед, Мо ҳам ислоҳатон нахоҳем кард.”

Додоҷон Атовуллоев

14.07.2015

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты