Мнение:

Дуруд бар Муҳаммадрӯзӣ! Дуруд бар Ёқуб! Дуруд бар Ғаффор! Дуруд бар Шӯҳрат! Дуруд бар Зайд! Дуруд бар Мақсуд! Дуруд бар ҳама зиндониёни сиёсӣ!

Д ӯ с т и з и н д о н ӣ


Агар боз як бор ӯро медидам...
Агар боз як бор садои хандаи ӯро мешунидам...
Агар боз як бор бо ӯ менишастам...

��ӯзе, ки бар ҷигари ман корд заданд...
Рӯзе, ки дили ман таркид...
Рӯзе, ки маро дар Тифлис боздошт карданд...
Ман мегуфтам:
Бо Ӯ чӣ хоҳад шуд?

Соате, ки ноумедӣ фаро мегирад...
Соате, ки дасту дилам аз мубориза мемонад...
Соате, ки танбалӣ дуруд мегӯяд...
Соате, ки бохт дар мекӯбад...
Ман Ӯро ёд мекунам...
Ва бо ӯ машварат меороям. 
Нигоҳи хомуши ӯ нидо мекунад:
"Тамом?!"
Ва тамом меёбад яъсу ноумедӣ!

То одаме, ки ӯ зиндонист, ман озод нестам! 
То даме, ки ӯ зиндонист, завлонаҳои зиндон маро низ азият медиҳанд!
То даме, ки ӯ зиндонист, дунё барои ман зиндон аст!

Хотираи миллати мо кӯтоҳ аст. 
Кам касе ёд аз ононе менамояд, ки барояш зиндагии арзанда мехостанд ва зиндагии худро ба боди фано доданд. 
Ки имрӯз мепурсад, ки фарзандони Умаралӣ Қувватов чунанд? 
Ки аз хонаводаи Шӯҳрати шӯҳратёр (Қудратов) хабар мегирад? 
Захмҳои Мақсуд Иброҳимов шифо ёфтаанд ё хайр? 
Онҳое, ки аз пули Зайд Саидов мезистанд ва савлат мекардад ва камзӯлу галстукашон, ки аз садақаи Зайд буд, тану гулӯяшонро намефишорад? 
Номи Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев барои бархе - гузарнома ба сарвату давлат буд. Оё дар хобашон ин генералҳои мардумӣ намедароянд?

Миллати мо - миллати марсияхон аст. Ягон кас бимирад, оваҳ, ҳама гӯё месӯзанд, гӯё сиришкашон дунёро мешуяд, хотира менависанд. 
Як рӯз.
Баъд ҳама фаромӯш мешавад. 
Бояд бимурд, ки қаҳрамонат эълон бинамоянд?

... Ман орзуи тахт надорам. 
Орзуи ман боз кардани дари зиндонест, ки дӯсти ман он ҷост. 
Орзуи ман он аст, ки ҳама маҳбусони сиёсиро, ҳама гунаҳгорони бегуноҳро дар қатори Муҳаммадрӯзи Искандаров ( дар акс) озод бинамоем. 
Орзуи ман он аст, ки Тоҷикистони дардманду мустамандро шифо бахшем. 
Орзуи ман он аст, ки ин сарзамини нозанинро аз роҳбарони роҳзану роҳгумзада бираҳонем! 
Орзуи ман он аст, ки мо дӯсту душманро бишносем. 
Орзуи ман он аст, ки худро бишиносем. 
Касе, ки худро намешиносад, Худоро низ нахоҳад шинохт.

Дуруд бар Муҳаммадрӯзӣ! 
Дуруд бар Ёқуб! 
Дуруд бар Ғаффор! 
Дуруд бар Шӯҳрат! 
Дуруд бар Зайд! 
Дуруд бар Мақсуд! 
Дуруд бар ҳама зиндониёни сиёсӣ!


Додоҷон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты