Мнение:

Тоҷикистон - кишвари чашмаҳои зулол аст. Ҳукуматаш бо ифтихор Соли оби тозаву Даҳсолаи об гӯён симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор мекунад, аммо ҳазорон ҳазор ҳамватанони ман ба оби рӯзакушоӣ зор буданд. Дар асри 21 бо хару фляг об мекашонданд.

Ч а к о м а е дар видоъ бо моҳи мубораки Рамазон

Додоҷон Атовуллоев

1. 

Рамазон...
Зеботарин моҳ дар осмони зиндагӣ
Моҳе, ки аз оғоз то поён покисту покизагӣ...
Алвидоъ ва то дидор!

2.
Фалсафаи бузургтарини Рамазон - набард аст. 
Набард бо худ 
Набард бо нафс 
Набард бо васвасаҳои фиребанда ва ҷаззоб...

3.
Қаҳрамони рӯз, рӯзадор аст 
Рӯзадоре, ки бар худ ғолиб ояд
Ман дастони ин қаҳрамонро мефишорам ва "даст марезод"-аш мегӯям.
Аммо дар Тоҷикистоне, ки кишварест мутаъаллиқ ба мусалмонҳо, як кортпустол - окрыткаи зебо нест, ки ба ин қаҳрамонон табрикнома бинависам...

4. 
Тоҷикистон - кишвари чашмаҳои зулол аст. Ҳукуматаш бо ифтихор Соли оби тозаву Даҳсолаи об гӯён симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор мекунад, аммо ҳазорон ҳазор ҳамватанони ман ба оби рӯзакушоӣ зор буданд. Дар асри 21 бо хару фляг об мекашонданд.

5. 
Ҳамин рӯзадоронанд, ки чархи зиндагиро дар Тоҷикистон мечархонанд. Ва ҳамҳамаю дамдамаи ин ҳукумати рӯзахорон, аз паси панҷаҳои жӯлида ва чеҳраҳои офтобхӯрдаи ҳамин рӯзадорон аст. Ҳайҳот, ки дар ин моҳ низ зулм болои ин мардуми шариф кам нагардид!

6. 
Дар ҳамаи айёми дигар, мо кам андар кам гирди як хон бо хонавода менишинем. Аммо Рамазон аст, ки ҳама баробар сари дастурхон ҷамъ меоем. Имсол ҳам гирди дастурхонҳои рамазонӣ ҳамватанони мо набуданд. Оё манзиле хаст, ки муҳоҷиру мусофире надошта бошад? Оё хонае вучуд дорад, ки фарзанди сарсону саргардоне надошта бошад?

7. 
Ва рӯзи Ид телефонҳои Тоҷикистон чун рӯзи маҳшар ба такопӯ медароянд. Ҳама ҳамдигарро аз дуру наздик табрик мегӯянд ва ба ҳам орзуҳо ва таманниёти худро мерасонанд. Ашку ханда ва ҳазорон орзуҳо фазоро моломол мегардонад.

8. 
Ва ман низ аз кишваре бегона, аз ин дуриҳо, аз шифохонае дар канори ҷангал, азизонамро, дар сафи онҳо, Шумо ҳамватанони бузургворамро табрик мегӯям. 
Ва як орзу дорам:
Шумо, ки дар бузургтарин набард - набард бо худ пирӯз омадед, бошад, ки то Рамазони оянда бар тарси худ, бар сабри худ низ пирӯз биёед ва бо ҳам Тоҷикистонеро бисозем, ки Рамазон низ ба ин сарзамин бо хушнудӣ ва бо ташнагии дидори одамони хушбахт баргардад.

9.
Бо ин ки рӯз рӯзи ид аст ва идона мегӯянд, аммо ман дар ин рӯз, бале маҳз дар ҳамин рӯз, наметавонам нагӯям:
Аз мақомдорони Тоҷикистон – чӣ вазираш ё президенташ - бипурсӣ, ки "ту мусалмонӣ?", дар ғазаб меоянд. Дар сурате, ки ҳамааш, бале ҳамааш, вақте мехоҳад зан бигирад, ҳатман никоҳ мекунад ва ё ҳангоме ки мемирад, қатъан мехоҳад ӯро ҷаноза кунанд, ва дар ин сурат оё ғайр аз ин аст, ки ба ҳамин рӯзадорон рӯ меорад? Аммо ҳоло ки зинда аст, ҳоло ки дар тахти баланд нишаста аст, мунофиқона риши рӯзадоронро метарошад, ҳиҷоби духтарашро аз сараш мегирад, писарашро намегузорад, ки ба масҷид биравад... 
Дар қатори савоби рӯзаи моҳи шариф мехоҳам, дар ёздаҳ моҳи дигар хомӯш набошем ва савоби дигареро низ ба дафтари аъмоламон зам бинамоем: савоби аз золимон вораҳонидани мардуми мазлумро...

10.
...Ёздаҳ моҳи дигар монд...
Алвидоъ ва то дидор!

Додоҷон Атовуллоев

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты