Мнение:

Файзинисо охирин садои ростин аз Ватан аст. Сарнавишти Файзинисо охирин марз аст. Ва охирин ХАТТИ СУРХ.

Додоҷон Атовуллоев: «Файзинисо охирин садои ростин аз Ватан аст.»

Сияҳному сияҳҷомаҳо акнун бо бонувон набард эълон кардаанд.
Аммо бояд огаҳ бошанд, ки Файзинисо Воҳидова танҳо нест.
Ҳазорон ҳазор номусварон лашкари Файзинисоянд ва барои дифоъ аз ӯ бармехезанд.
Файзинисо охирин садои ростин аз Ватан аст.
Сарнавишти Файзинисо охирин марз аст.
Ва охирин ХАТТИ СУРХ.
Агар ба ӯ нокасӣ ва номардиро раво мебинанд, бояд огоҳ бошанд, ки шикасти марз ва гузаштан аз ХАТТИ ОХИРИНИ СУРХ ин гузоштани нуқтаи охирин бар муборизаи сиёсӣ хоҳад буд.
Баъд..
Баъд дигар сангар хоҳад пайдо шуд.
Ё мо ё шумо, авбошони шохношикаста!
Шумо гумон накунед, ки хама бешаҳо холиянд.
Ва сукути шеру палангонро нашканед ва дастони гажду хунолӯди худро ба домани поки модари тоҷик, хоҳари точик, духтари тоҷик ва Гурдофариди Тоҷикистон нарасонед.

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

Манбаъ: Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты