Мнение:

Ҳама лофи мусалмонӣ мезанед. Чаро вақте ки ришатонро як пулиси семичкахурак тарошид, сарашро натарошидед? Сабр гуфтед. Ришеро базӯру иҷбор тарошидан баробари таҷовуз ба номус аст. Яъне таҷовузро ҳам таҳаммул кардед? Боракаллоҳ! Мардуми иқтибосҳову гуфтовардҳо, боз чи иқтибосе меоред аз китобҳои муқаддас, то сарпӯши ин ҳама беномусӣ шавад?

Б а р о и м а ҳ а л б о з о н

Боз як бор дарёфтам, ки марази маҳалбозӣ ба бештари мардуми мо си��оят кардааст. Маҳалли таваллуд меъёре болотар аз ҳамаи муқаддасот гаштааст; ҳатто аз ормонҳои динию миллӣ. Арзёбии ҳамаи падидахову шахсиятҳо аз рӯи маҳал сурат мегирад.

Касеро, кишвареро, нерӯи севуму чаҳорумро инҷо наҷӯед. Аз мост, ки бар мост. Сатҳу вусъати диди мо ҳамин аст.

Ва бузургнамоӣ накунед, ки мо инему онем. Мо фалони ибни фалонро доштем… Мо кӯрсаводу ақибуфтодаем. Мо дунёнадидаву оламнашнохтаем. Мо як мардуми ситампарвару хоболудаем. Мо як меваи норасида ва хасакием. Мо харгӯшаки маҳалламонро шери нар мехонем ва мепиндорем, ки дар дашту теппаҳои мо ҳеч шери модае несту ҳама шери наранд. Пас кӣ зоида бошад ин наринаҳоро?

Ин шоири мост, ки аз бӯи дӯғи шабмонда лаззат мебарад: "бӯи ҷурғот мекунад кокулонат"... Чи ҳамоқат ва чи завқи пасте, ки ҳолаш ба ҳам намехурад?

Дар рӯбарӯи оина як бор сукут кунеду бо худ ба гуфтугӯ бинишинед: мояи ифтихори шумо чист? Ё худ кист? Аз чи меболед? Аз ҳамин ҳукумататон? Аз шакаробу палаватон? Аз мактабатон? Аз донишатон? Аз сатҳи зиндагиятон? Аз рӯдхонаи рустоятон? Аз дасторхонатон? Чи ихтироъу кашфиёте доред? Кадом матоъеро ба бозори ҷахон бурдаед? Охирин бор кай ба бонуятон гул ҳадя кардаед? Охирин бор рӯзи таътилатонро лаби кадом рӯду дарёе бо хонавода гузарондаед? Фарзанди шумо кадом осорхонаҳои дунёро дидааст? Дар бисотатон чанд китоб доред ва чандтояшро хондаед ? Кай дар ҳаммом будед? Оё ҳаргиз коршиканӣ кардаед? Вакте ба номусатон касе дастдарозӣ кард, муқовимат кардаед? Мушт бар рӯи номарде задаед? Охирин куту шалвор (костюм)-атонро кай харида будед ё болинатон ҳанӯз ҳамон ҷомаи домодиатон аст?..

Ҳама лофи мусалмонӣ мезанед. Чаро вақте ки ришатонро як пулиси семичкахурак тарошид, сарашро натарошидед? Сабр гуфтед. Ришеро базӯру иҷбор тарошидан баробари таҷовуз ба номус аст. Яъне таҷовузро ҳам таҳаммул кардед? Боракаллоҳ! Мардуми иқтибосҳову гуфтовардҳо, боз чи иқтибосе меоред аз китобҳои муқаддас, то сарпӯши ин ҳама беномусӣ шавад?

Д.А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты