Мнение:

Шумоён ҳама “шери нарред”! Ман - не. Ман - Додоҷон Атовуллоев.

Додоҷон Атовуллоев: Р О З

Як одати «баде» дорам, ки бисёриҳо ба хотири ҳамин одатам, аз ман «фирор» мекунанд. Айб ва нуқсонеро бинам, ошкоро мегӯям, агар нагӯям, мекафам. Ҳаракат мекунам, ки нагӯям, вале наметавонам... Бояд бигӯям. Ман нагӯям, кӣ мегӯяд? 

Осон аст лофи ватанхоҳӣ ва ватандорӣ задан, хомӯш будан ва ба ҳама ширин будан... Аммо ман ин ҳамаро дӯст надорам. 

Ҳоло ба мавзӯъе рӯ меорам, ки табу дорад. Бурун аз таҳлил ва танқид аст. Мехоҳам аз нуқсонҳо ва айбҳоямон бигӯям, ки дар миёни мо тоҷикон ҳаст. 

Ва аммо баъд... :)

1. Ибораи «шери нар»: Ин ибора ба қадре имрӯзҳо мӯд шудааст, ки гумон мекунӣ дар Тоҷикистон ҳама маъшуқи «шери нар» гаштаанд ва мехоҳанд «шерҳои нар» бизоянд. Гумон мекунӣ, ки дигар «шери модинае» боқӣ намонда бошад? Дар ҳоле ки агар «шери наре» ҳаст, вайро «шери модина» зоидааст.

2. Чанд нишонаи мо тоҷикон ҳаст, ки кай гум мешавад барои ман муаммост:

Нахуст: ҳамеша бечоранолӣ кардан.

Сонӣ: дуо додан.

Саввум: тамоми масъулиятро ба дӯши Худо бор кардан. Коҳилона коре намекунад ва мегӯяд, Худо мерасонад. Мушкиле пеш омад, гиреҳ намеҷӯяд, балки ба суроғи Худо меравад.

3. Бадбахтие, ки касе намебинад, муносибати мардони тоҷик ба зан аст. Ягона миллате, ки бо ифтихор мегӯяд: "Зани ман аз ман чунон метарсад, ки...", ё он ки: "Наход одам бо занак баҳс кунад?.. Як мушт зан, тамом!"

4. Ишқи тоҷикӣ: Ҳамсар дар бисёр оилаҳо танҳо вазифаи мошинаи ҷомашӯӣ ва ошпазу рӯбандаро иҷро мекунад. Аммо гул овардан, саёҳат рафтан, тарабхона нишастан ва ошиқӣ, барои занони бегона, масалан занҳои рус.

Дар ҳоле ки миллате, ки занаш озод нест, Озод ва Озода намезояд! Тифл нахустин дарси озодагӣ ва далерию шуҷоатро аз аллаи модар мешунавад.

5. Исломи тоҷикӣ: Танҳо даъват ба сабру пуртоқатӣ ва кӯҳнапарастӣ. Ман гумон мекунам, агар ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар рӯзҳои мо мезистанд, шояд шими ҷинс мепӯшиданд, зеро дар замони мо аввалан либоси хеле хубе аст ва ё сониян, либоси замона аст. Ва ё кроссовка ба по мекарданд.

Панҷ бор намоз ва панҷсад бор гуноҳҳои кабираи дигар кардан мисли: ғайбат, дуздӣ, шаҳват ва амалҳои зишти дигар...

Баъзе нимчамуллоҳои чаласавод чунон аз Худою Паямбар ҳарф мезананд, ки гӯё Худо баччи амакашону Паямбар шавҳари хоҳарашон бошад, муайан мекунанд, ки чи касе ба биҳишт меравад ва чӣ касе ба дӯзах!

Яке дигар аз нишонаҳои исломи тоҷикҳо он аст, ки бисёр майдакор ҳастанд. Зулму ситаму бедодӣ дод мезанад, вале ӯ бо «шиъаву суннӣ» гуфтан ва ҷанги беохири "ки мусалмонтару ки кофар" машғул аст. Агар ҳазрати Муҳаммад (с) имрӯз мебуданд, ба назарам, аввал ҳамин хел майдакорҳоро аз пеши худ меронданд.

6. Тоҷикон шояд ончунон ватандӯстанд, ки 5000 - 10000 доллар дода шаҳрвандии кишвари дигареро (махсусан Руссияро) мехаранд. Ин ҳам аз аҷоиботи рӯзгори мо.

7. Ва миллате, ки агар ибораеро ба тоҷикӣ бигӯӣ, зуд тарҷумаашро ба русӣ мепурсанд. Миллате, ки аз бародари хамхунаш Ирон ҷудояш карданд, забонашро, ки порсӣ буд - буриданд, алифбояшро сӯхтанд, он қадар бегонапараст шудааст, ки бародари худашро ҳанӯз намешиносад.

8. Ягон миллат чун тоҷик дар тамаллуқ устод нест. Касе ки роҳбараш бошад, пешаш дузону таъзим мекунад. Агар маркабе сарвараш бошад, варо саманди бодпо мехонад.

9. Зулмпарвартаре аз мо дар рӯи ҷаҳон нест. Муаллиме, ки талабаро мезанад, эҳтироми хосса дорад. Дарси муаллими "бамаънӣ" бозор мешавад ва аз гиребонаш низ мегиранд. Боинтизом будан барояш маънии "лох" буданро дорад. 

10. Хоки сарзамини кунунияш аз даст меравад ва ба фурӯш мерасад, вале тоҷик дар орзуи баргардондани Самарқанду Бухорои аз даст рафтааст. Як зодаи Самарқанд ё Бухоро ба кишвар биёяд, ҳама сӯи ӯ ишора мекунанд: ту кистӣ? Чаро омадӣ? Ту тоҷики ҳақиқӣ нестӣ!

11. Оҳ чӣ қадр мо мутакаббирем! Ин дорему он дорем мегӯем! Гӯё Тоҷикистон нофи замин аст. Тоҷикистон - маркази сиёсати дунёст. Бо Амрико, бо Ирон, бо ними дунё ҷанг эълон мекунем! Аммо, эй кишвари генералҳои худбохта, эй кишвари вазирони носфурӯшу носкаш, эй кишвари ҳокими якумра! Чаро ақаллан ҳукумати худатро тавони дигар кардан надорӣ?

Ту ба ҳама механдӣ, аммо ба бозори ҷаҳон чӣ ба савдо баровардӣ? Як дастпоккунак, як пиёла, як таҳпӯш, як киштӣ, як тайёра ихтироъ кардӣ, ки дар пешониаш навишта шуда бошад: "Made in Tajikistan"?

Пӯзиш, ягона навоварии шумо дар дунё истеҳсоли таппак аст. Таппак бошад, суруд ҳам мешавад! Таппак бошад, ба кайҳон ҳам мепаррем!

12. Ва омадем сари мушкили асосӣ: тифлакон, ки ояндаи миллатанд. Оре - оянда! Аммо на барои мо. Миллати мо дигар коргоҳе шуда барои тавлиди гастарбайтерҳо.

Ман ҳақ надорам, ки даъват кунам, то фарзанди бешумор таваллуд нанамоед. Аммо ман тарафдорӣ онам, ки ба кӯрпа нигоҳ карда, по дароз кунед. Агар имкони тарбияи солими як фарзанд доред, ҳамон яке беҳ, ки 5-7 нимагуруснаву нимаурёнро ба воя бирасонед.

Дар қатори шеърхониву дуохонӣ арифметикаро низ биёмӯзед, ки барои тарбияи як фарзанд чанд сӯм даркор аст (ғизо, тандурустӣ, мактаб, бозича, китоб, варзиш ва ғайра) пасон ... Фарзанде, ки бо шиори "Худо дод, Худо ризқашро медиҳад" ба воя мерасад, бар шумо нафрин хоҳад хонд: рӯзи гушнагӣ, рӯзи аз бозӣ маҳрум шудан, рӯзи мошиншӯӣ рафтан барои пораи ноне, рӯзи халта дар китф муҳочир шудан... Шумо барои тарбияи ин тифлак маблағгузорӣ накунед, давлати шумо маблағгузорӣ (инвеститсия) накунад, ӯ кӣ хоҳад шуд? 

Чӣ ихтисос мегирад? Дар куҷо кор хоҳад ёфт? Метавонад манзил дошта бошад ё мисли шумо 37 нафар дар як ҳавлӣ зиндагӣ кунад? 

Миллатро аз рӯи муносибат ба тифлакон, бонувон ва солмандон баҳо медиҳанд. Дар бораи солмандон чизе намегӯям, забонам намегардад. Аммо хории мо аз хории онҳост. Онҳо моро дуои бад намекунанд. Аммо лабони хомӯши онҳо саропо садои ноумедӣ аст ва чашмони маҳзуни онҳо чашмаи дард...

Кай охирин бор хонуми шумо "дӯстат дорам"- ро аз забони шумо шунидааст? 

Кай аз тифлактон пурсидед, ки "азизаки ман, шоҳзодаи кучулуи ман, ту чӣ орзу дорӣ?" 

Кай назди падару модаратон омадед ва гуфтед, ки "модарҷон ё падари гиромӣ! Ин тирамоҳ шуморо ба саёҳати Теҳрон бифиристам ё Порис?"

Нагӯед, пул надорем, пулҳое, ки барои тӯю маросимҳои беҳуда ва сохтани хонаҳои бехоссият сарф мекунед, бо онҳо метавонед ин корҳоро анҷом диҳед.

Боз чӣ гӯям?...

Агар номус доред, ба андеша биравед. 

Агар норозиёна, дашном мефиристед, пешопеш дашноматонро ба худатон бармегардонам. 

Агар нафрин мехонед, лабханд мезанам:

Асабонӣ нашавед , шумо саросар бузургед! 

Кишвари бузургон - кишвари шумост...

Шумоён ҳама “шери нарред”! 

Ман - не . 

Ман - Додоҷон Атовуллоев

Д.А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты