Мнение:

Дигар бо мо бипайвандед, ки манзили муштаракамон Тоҷикистони нав ва азизро бисозем. Аз варақи сафед. Аз сифр. Аз дигар!

Д и г а р

Дигар мубориза бо режими Раҳмонов осон ва озод шуд.

Ҳар куҷое як чашми биное буд, дигар дид, ки бо ин давлату давлатдорӣ, бо ин мудирият ва менеджемент, касе ба ҷое намерасад.

Дигар режим ниқобашро бо дастони худаш барканд ва мардум чеҳраи воқеъии онро диданд ва ба даҳшат афтоданд.

Дигар умед ба ноумедӣ ба тамом бадал гардид.

Дигар нафрат ба ҷойи тарс нишаст. 

Ва навбат бар муқовимат расид. 

Ҳукумат такя бар силоҳ кард. 

Аммо ягон силоҳ, ягон армия наметавонад бар мардум пирӯз ояд.

Дигар мардум ба тағйирот бовар надоранд.

Дигар ҳукумат ҳам тавони тағйирот ворид кардан бар системае, ки худаш сохт, надорад. 

Акнун ин система ҳукуматро мешиканад. 

Мо мехоҳем системаро дигаргун бинамоем.

Дигар айёми меъморони нав, ақлҳои нав, мудирияти нав ва менеджементи нав ва чеҳраҳои нав расид.

Дигар бо мо бипайвандед, ки манзили муштаракамон Тоҷикистони нав ва азизро бисозем. 

Аз варақи сафед. 

Аз сифр. 

Аз дигар!


Д.А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты