Мнение:

Салом Умар! Мо шармандаем, мо сарафкандаем, ки туро натавонистем эҳтиёт намоем. Мо тарсуем, ки ҳатто баъди маргат натавонистем барои ёфтани қотилони ту дунёро ба по бихезонем...

Умар, моро бубахш..



Салом Умар!

Мо шармандаем, мо сарафкандаем, ки туро натавонистем эҳтиёт намоем. 

Мо тарсуем, ки ҳатто баъди маргат натавонистем барои ёфтани қотилони ту дунёро ба по бихезонем. 

Туро Парвардигор назди худ хонд.

Умар, Умари азиз! 

Умари биҳиштӣ! 

Умари муҳочири панҷмоҳа! 

Ту дигар муҳочир нестӣ. 

Ту акнун сафири Тоҷикистон дар назди Худо гаштӣ. 

Ба Худо салом бигу... 

Аз дарду ранҷҳои мо қисса кун.

Ва моро бубахш...

Д. А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты