Письмо от учителя физики. Обращение к Эмомали Рахмону.

По сообщению лидера движения "Ватандор" и "Конгресса Конструктивных Сил Таджикистана" Дододжона Атовуллоева, на электронный почтовый ящик движения поступило письмо от гражданина Таджикистана, в котором он обращается к Эмомали Рахмону. Приводим ниже текст письма.


Раиси ҷумҳур!

Ба шумо мехоҳам ба сифати як фарди маъмулӣ мурҷиат намоям. Аз интернет дар бораи ин ки мақомоти аминият падари 95-солаи Муҳиддин Кабир�� ва чанд нафар аз хешовандони эшонро боздошт карда ва тарафи номаълуме бурдааст, хонда ва сахт андӯҳгин шудам.

Марде, ки ба душманонаш номардона рафтор мекунад, ҳаргиз мард нест. Шарм намедоред, ки падари 95 солаи рақиби сиёсии худро номардона бо ҳамаи хешовандони пираш ба асорат бурдед? Нагӯед, ки шумо огоҳ аз ин корҳо нестед! Ҳамаи мардуми Тоҷикистон медонад, ки ин кор тибқи дастури мустақими шумо анҷом шудааст. Мард бошед ва ба мардуми ҷаҳон гӯед, ки ин гуна корҳои номардонаро ба хотири қасд анҷом медиҳед!

Халқи Тоҷикистон ҳама медонад, ки шумо аз падари худатон рӯ гардонидаед, чунки шумо аз падар меҳр надидаед. Сабаби нафрати шумо бар падари худ маълум нест. Шумо ки меҳр надоред, меҳри дигаронро нахоҳед фаҳмид. Эҳсосоти инсонии шумо дар вуҷудатон мурдааст. Дар урфият мегӯянд, ки фарзанде, ки аз падари худ рӯ мегардонад, фарзанди дурусте нест. Шумо ки худатонро аз зумраи олимон медонед, бигӯед, ки фарзанди дуруст ҳаққи фармонфармоӣ бар миллаташ дорад?

Аммо мадуми оддӣ медонад, ки он касе ки номи падари худро хор мекунад, наметавонад, ба қадри падарони дигарон бирасад. Аз сабаби хусумат ва бадбинӣ аст, ки шумо падарони пирро бешармона, мехоҳед барои фишор овардан бар рақибатон истифода кунед! Ин ноҷавонмардии шуморо бори дигар нишон медиҳад.

Шумо аслан медонед, ки ҷавонмардӣ дар вуҷудатон нест!? Шумо ки худатонро ҳоҷӣ ва имондор медонед, куҷои коратон аз дину имон башорат медиҳад?

Шарм доред! Бовар кунед, пӯсти як ҳайвони беақл тунуктар аз пӯсти ғафси шумо аст. Шумо ба хотири ҷою мақом шарафи инсониатонро ҳам фурӯхтаед! Ба ҳамин сабаб аст, ки қадру кимати миллатро дар назди ҳамаи миллатҳои дунё хор кардаед! Худатон инро хуб медонед. Шумо ва хонаводаатон бадтарин душманони миллатед.

Халқи тоҷик дар ғазаб аст! Аз ғазаби худованду мардуми оддӣ битарсед! Бовар кунед, ҳоло вақте хоҳад расид, ки фарзандони ятим қасоси падаронашон аз фарзандони шумо хоҳанд гирифт! Худовандо! Ин пешвои душманонро нобуд бисоз!

Комрон 

Муаллими фанни физикаи яке аз мактабҳои ҷумҳурӣ


_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

  • мухочир

    25.12.2015 16:08:55 |

    ОМИН........

Комментарии закрыты