Глас народа: Обращение к муфтию Таджикистана (БО ЗАБОНИ ТОҶИКИ)

Ҷаноби Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода!

Фаромӯш макунед, ки Шумо олим ҳастед. Пеш аз ин ки дар бораи адлу адолат сӯҳбат кунед, ин ҳадиси Паёмбари исломро (С) ба ёд биёред, ки гуфтаанд: «Одилтарин мардум касе аст, ки он чӣ барои худ меписанданд, барои мардум низ меписанданд ва он чӣ барои худ намеписанданд, бар мардум низ намеписанданд».

Чаро Шумо он чиро, ки барои худ намеписандед, барои мардум меписандед?

Куҷо шуд имонатон?

Шумо, ки ҳамеша адли Эмомалӣ Раҳмонро дар наҷоти кишвар аз фурӯпошиву вартаи ҷанги солҳои 90 мебинед, чаро аз вартаи ҷумҳуриву миллат, ки ин «Пешвои худхонда» дар зарфи беш аз 20 соли ҳукуматаш эҷод кардааст, сухане намегӯед?

Ба фикрам, ё чашми имонатон кӯр шудааст ё мардумро кӯру кар медонед.

Ба чӣ сабаб намегӯед, ки миллати шарифи тоҷик ҳаргиз хоҳони ин гуна адл, ки сарвари кишвар мехоҳад, набуд?!

Агар мардуми ҷафопеша медонист, ки оқибати адли Раҳмон, бераҳмӣ аст, даст аз ҳамаи ваъдаҳош мекашид.

Чашми Шумо, ки адолатро наметавонад бинад, чаро аз адолати набуда сухан мегӯед?

Мардумро хар напиндоред!

Вой бар ҳоли ин миллат, ки мисли Шумо Раиси шӯрои уламои динро дорад! Шумо, ки Раиси шӯрои уламои дин ҳастед, чаро аҳодиси Паёмбари ислом (С)-ро дар бораи масъулиятҳои уламо фаромӯш кардаед? Дар кадом оёти Қуръони Шариф ва дар кадом ҳадиси Паёмбар (С) омадааст, ки уламо хиёнат бар имону дин кунанд? Ба чӣ далел бар хилофи Қуръони Шариф ҳарф мезанед? Аз халқ, ки наметарсед, ҳадди ақал аз Худо битарсед!

Раиси уламои дин!

Қабл аз ин ки ба халқ насиҳат кунед, бояд ба имонатон боварӣ бошед! Шумо худатон намедонед, ки ба ки хидмат мекунед? Шумо барин уламои чоплусу маддоҳ буданд, ки ба номи дини ислом доғи сиёҳ оварданд. Гӯш кардан ба фармонҳои шумо гуноҳ аст. Чаро мардуми бечораро ба гуноҳ кардан водор месозед? Аз Худованд битарсед!

Замони шӯравӣ шунида будем, ки бештари домуллоён ҳаё надоранд, вале акнун худамон мебинем, ки ҳатто Раиси Шӯрои уламо шарми худро дар бозори чарм фурӯхтааст!

Аз Худованд шарм доред!

Шумо, ки худфурӯхтаи вазифаву мақом ҳастед, мардуми бечораро ба тобеъияти кӯр-кӯрона даъват мекунед! Ба хотири ҷову мақом, пулу мол аз ҷавонони содда манқуртҳои миллӣ масозед ва охирати худро масӯзед!

Эй маддоҳи режими Раҳмон!

Беҳуда зӯр назанед, бо суханҳои дурӯғ дили мардумро наметавонед, ба даст биёваред! Агар чашми имонатон кӯр аст, ҳадди ақал бо чашмони биноатон нигоҳ ба ҷавонон кунед, ки наслҳои имрӯз, ҳаргиз мардуми солҳои 90 нестанд ва онҳо дигар ба гапҳои Шумо бовар надоранд.

Ман бо ҷавонони нотарс ифтихор мекунам ва онҳо ояндаи ҳақиқии кишваранд, на ҷавонони чоплусу тарсончак.

Иншооллоҳ, худатон шоҳид хоҳед шуд, вале бо борӯи рафта!


Ҳабиби Ирфониён, муқими вилояти Нижний-Новгород

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

  • Батрак

    05.02.2016 12:14:34 |

    На все 500% согласен с тем что сказано в адрес Главы улемов Таджикистана. Это продажная ,алчная ,потерявшая стыд и срам животное ,равносильное его служения Дьяволу ,Сатане и Шайтану в месте взятое.Скажу больше нет у него авторитета ни среди народа ни среди друзей.Горстка как и он шакалов которые побираются не далеко от Гиены .Позор ему на все века и гореть ему в Аду, о котором он забыл что сушествует .

Комментарии закрыты