Додоҷони Атоуллоҳ: Лаънатнома

Чаро ман ба Раҳмонов нафрат дорам?

Барои он ки ҷанги шаҳрвандиро маҳз ӯ аланга зад ва зиёда аз 150 000 нафар кушта шуд.Миллионҳоро хонавайрону сарсону саргардон кард.

Вақте Раҳмонов бо дасти бегонагон бар сари тахт нишаст, замони сарнавиштсоз буд. Касе ҳукуматро мегирифт, тамоми заводу фабрикаҳо, колхозу совхозҳо, биноҳои маъмурӣ, бонк ва тамоми дороии кишвар ба дасти ӯ мегузашт. Тамоми он чизе, ки дар давоми 70 соли СССР сохта шуда буд, Раҳмонов он ҳамаро арзон фурӯхт, хароб кард, ё моликияти худаш ва авлоду ҳамшаҳриёнаш гардонид.

Чоряк асре, ки Раҳмонов дар сари қудрат аст, хиёнат бар хиёнат болои миллат асту бас.

Аммо бузургтарин хиёнати Раҳмонов хизонаи жении (генофонди) миллатро вайрон кард, вирусҳои бисёре дар рагҳои миллат ҷорӣ кард, хуни миллатро дигаргун сохт. Хулқу хӯи як мардуми бофарҳангро бо сиришти даштию биёбонӣ даромехт. Як мардуми дорои фарҳанги малакутиро аз арши иззат бар фарши хиффат нишонд. Тоҷики сарбаланду сарбадорро ӯ ба як миллати ақибафтода, ғуломтабиат, болшикаста, бе ҳувият бадал кард. Равшану Ҷамшуд - фарзандони даҳум ва ёздаҳуми ӯянд.

Раҳмонов на танҳо имрӯзи моро кушт, инчунин ояндаи моро низ сӯхт.Корхонаҳоро метавон сохт, биноҳои зебо метавон барандохт, аммо сохтани як миллат садсолаҳо мехоҳад!

Раҳмоновро метавон ба тамоми моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ айбдор намуд. Аммо ҳамин се нукта кофист, ки ӯ хоини миллат эълон шавад!

Зиндагиномаи Раҳмонов ҷиноят бар ҷиноят аст.Таърихи миллати мо чунин ҷинояткореро ёд надорад.Ва лаънати Худо бар ҳамаи онҳое бод, ки имрӯз ӯро "Пешвои миллат" эълон кардаанд!

Ба ҳар ларзидани кӯдаки беморе, ки гуруснаги мекашад лаънат!

Ба ҳар оҳи модарону фарзандони зиндаҷудо лаънат!

Ба ҳар шармидану барои ниме нони дари ҳамсоя кӯфтани шоҳмардон лаънат!

Ба ҳар бор мурдану зинда шудани як бонуи тоҷик дар бистари аҷнабие лаънат!

Ба ҳар қатра ашки ғарибон лаънат!

Ба ҳар фарёди зиндониён лаънат!

Ба ҳар қатра хуни шаҳидон лаънат!

Д. А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты