Додоҷони Атоуллоҳ: Сукуте дар чорраҳа

Кадом хиёнатест, ки ман надида бошам?

Кадом дашномест, ки ман нашунида бошам?

Кадом сангест, ки ба ман наафканда бошанд?

Кадом тӯҳматест, ки дар ҳаққи ман набофта бошанд?

Кадомин меваи талхе боқист, ки ман начашида бошам?

Кадомин заҳрест, ки ман нашамида бошам?

Кадомин захмест, ки бар ман надамида бошад?

Кадомин ғамест, ки ман нахӯрда бошам?

Ҳамаро гум кардам, ҳамаро раҳо кардам...

Аммо кист, ки чу ман як умр мисли дарвеше шаҳр ба шаҳр, хиёбон ба хиёбон, кишвар ба кишваре гумкарда меҷӯяд!

Дили ман мазори ғамҳост!

Дили ман шаҳр��ст пас аз бомбборон, ки тамомаш сӯхтааст ва дуди сиёҳе аз охирин кошонаҳояш бар ҳаво мепечад...

... Аммо ман ҳанӯз роҳ мепӯям.

... Аммо ман ҳанӯз сарводаи озодӣ месароям.

... Аммо ман ҳанӯз дар ин биёбони сӯзон қадам мезанам.

Ман ҷароҳатҳоямро бо ашк мешӯям.

Ман бо ашк таҳорат мекунам. 

Ман бо ашк оташи диламро об мезанам. 

Ва боз ба роҳ мебароям. 

Шабаҳе дар дурҳо медурахшад. 

Шабаҳе дар нурҳои офтоб танашро мешӯяд.

Чашма ё сароб?

Умед ё ноумедӣ?

Ман лаҳзае сукут меварзам. 

Ва чангу хокро аз рухсорам мерӯбам ва боз азми сафар мекунам. Вазнамро ба рӯи асо меандозам... 

Асо меларзад. 

Афсурда шудааст? 

Чашмони ман дигар хуб намебинад?

Ман хаста шудам.

Аммо наметавонам ором бошам.

Ҳанӯз умед ва итминон дорам, ки ба манзил мерасам.

Сукут марг аст, медонам. 

Ва боз роҳро идома медиҳам...

Боди самум мевазад... 

Реги биёбон бар чашмонам мезанад. 

Хори мағелон пойҳоямро хуншор кардааст. 

Аммо ман эҳсоси дард надорам. 

Дард аз дарди ман дардманд гаштааст. 

Дигар зӯри дард бар ман намерасад.

Ва аммо.. 

Аммо ҳама роҳ поёне дорад. 

Ҳама таваллуд дебочае аз марг аст. 

Ман асои худро рӯи раҳ, пеш аз хоби охирин рӯи остон(1) мегузорам. 

Касе хоҳад бардорад. 

Ва роҳро идома диҳад. 

Роҳ - ягона сарват ва ягона достони зиндагии ман аст!

Роҳ ба сӯи озодӣ ва озодагӣ!

Аммо сахт мехоҳам, ки он яке Додое дигар бошад...

Мисли ман ошиқ.

Мисли ман бедил.

Мисли ман девона.

Мисли ман якрав.

Мисли ман якрӯ.

Мисли ман якраҳ.

Раҳнаварди нав, салом бар ту. 

Ту ҳастӣ?

Куҷоӣ?

Биё шинос мешавем.

R. S. Остон - дар Бадахшон одате ҳаст, ки рӯи остони хона чизе мегузоранд (мева ё ширинӣ ва ё анвои дигаре) ва қаландарон ё раҳгузарон онро бидуни рухсат мегиранду мераванд.


Д.А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты