Додоҷони Атоуллоҳ: Носталжи...


Ту мегӯӣ, осон аст?

Бисту панҷ сол боз аз кишваре ба кишваре дигар рафтан, дар хонаи бегонаҳо зистан, манзиле ҳам надошта бошӣ, ки ба он ҷо баргардӣ.

Ту мегӯӣ, осон аст?

Бисту панҷ сол боз дар тӯю маъракаи бастагон ва наздикон ва ҳамсояҳоят ширкат надоштан, дар рӯзҳои сахт дар наздашон набудан, ҳатто аз видоъ бо онҳо маҳрум будан, аз пояи тобуташон набардоштан.

Ту мегӯӣ, осон аст?

Бисту панҷ сол боз дур аз модару додару хоҳар ва азизонат. Аз дидорашон сер нашудан. Дар арӯсии фарзандон ширкат накардан.

Ту мегӯӣ, осон аст?

Боздошт шудан, дар кунҷи зиндон нишастан. Захмӣ шудан. Фаввораи хунро бо дастон пӯшидан ва тарсидан аз марг дар ғарибӣ.

Ту мегӯӣ, осон аст?

Вақте ту танҳо дар худат мепечӣ, оташ мегирӣ ва касе нест, ки бароят пизишк даъват кунад.

Ту мегӯӣ, осон аст?

Вақте биёд туро мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар дили шаб аз дили шаҳри мусофирӣ ба рӯи кати ҷарроҳии дил барад. Ва вақте ба худ меоӣ, дар боли сарат пизишк мепурсад: ба кӣ хабар диҳем, ки ба аёдат ояд? Ту мегӯӣ: ба модарам! Ин ҷост? На, дар Тоҷикистон... Ман ба у менигарам. У ба ман. Чашмонаш пури об мешаванд.

Осон нест, мушкил аст. Аммо...

Беҳтар аз чоплусӣ, беҳтар аз беномусӣ, беҳтар аз таъзим ба хоҷае, беҳтар аз таслим шудан аст.

Беҳтар аз зиндагии бофароғат дар миёни нокасону нотавонон. 

Ишқи илоҳӣ, ишқи ватан, ишқи озодӣ шояд ҳамеша чунин талафоту талабот дорад ва чунин қурбонӣ мехоҳад?

Осон ё мушкил?

Намедонам...

Д. А.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (3) -

  • Мубориз.

    13.01.2016 6:43:50 |

    Ишк варзи бо Худои хеш хамин ШИРИНОХОРО дорад. Бале осон АСТ. Худованд нигахбонатон бошад ПАДАРИ АЗИЗ ОМИН Ё БАБИЛ ОЪЛАМИН.

  • Абдумалик Абдуллочонов

    15.01.2016 14:10:39 |

    ОФАРИН, ОФАРИН, ОФАРИН ДОДОДЖОНИ ДЖАСУР.  ОФАРИН, ОФАРИН, ОФАРИН ДОДОДЖОНИ КАХРАМОН.  ОФАРИН, ОФАРИН, ОФАРИН, ОФАРИН ДОДОДЖОНИ БУЗУРГ. ШУМО ИМРУЗ ИЗХОР ВА САДО КАРДЕД ФАРЬЁДУ ХАСРАТИ НА ТАНХО ДИЛУ ШАРОИТИ ХУДАТОНРО, БАЛКИ ТАМОМИ МУХОЧИРОНЕ, КИ БАРОИ ХУРОНДАНУ ПУШОНДАНИ ОИЛАВУ ФАРЗОНДОНАШОН, ПАДАРУ МОДАРОНАШОН ВА ТАМОМИ НАЗДИКОНАШОН ХАМАРО ПАРТОФТА МИСЛИ МАЪНУ ШУМО ДАР ХАМИН ШАРОИТИ САХТ ВА ВАЗНИН БЕРУН АЗ ВАТАНИ АЗИЗАМОН ХАСТАНД. ЧУНКИ ИМРУЗ ДАР САРИ КУДРАТ ДАР ТОЧИКИСТОН, НООДАМОН, ХАЙВОНХО ВА АЗ ХАЙВОНХО ХАМ БАДТАР, ШАЙТОНХО ВА АЗ ШАЙТОНХО ХАМ БДТАР АМАЛ КАРДА ИСТОДААНД ВА ХАЛКИ АЗИЗАМОНРО ТО ИН ДАРАЧА АЗОБУ ЗУЛМ КАРДА ИСТОДААНД. ЧИ ТАВРЕ, КИ ДАР СУРАИ 36 ми КУРЪОНИ КАРИМ, СУРАИ ХАЗРАТИ ЁСИН БО ДАСТОНИ МУБОРАКИ САЛАЛЛОХИ АЛАЙХИ ВАС САЛОМ, ХАЗРАТИ МУХАММАД ПАЙГАМБАРАМОН НАВИШТААНД: "ИНХО ФАКАТ ШАКЛАШОН ОДАМ, АММО ТАБЪУ ДИЛАШОН ШАЙТОНИ БАДБАХТ АСТ" ИМРУЗ ДАР САРИ КУДРАТ МИСЛИ РАХМОНОВУ, УБАЙДУЛЛОЕВХО ИНХО ТАНХО ШАКЛАШОН ОДАМ, АММО КИРДУ РАФТОРАШОН АЗ ШАЙТОН ХАМ БАДТАР. МАН АЗ ХУДОВАНДИ БУЗУРГВОР УЗРУ МАНЗУР МЕПУРСАМ, КИ ГУНОХИ МАРО БУБАХШАД, АГАР ДАР САРИ ДАВЛАТДОРИ ДАР ТОЧИКИСТОН ШАЙТОНХО ХАМ МЕОМАДАНД, ХАЛКИ БЕЧОРАИ ТОЧИКРО ТО ИН ДАРАЧА БА АЗОБУ МАШАКАТ ВА САРСОНУ САРГАРДОНД НАМЕКАРДАНД ВА ТО ИН ХОЛАТ НАМЕОВАРДАНД.

  • Додочон Атовуллоев

    15.01.2016 14:14:52 |

    Дуруд ва сипос Ако!
    Лутфи Шумост. Бузургворед...

Комментарии закрыты