Алим Шерзамонов: "Ҳар як намояндаи мардумӣ бо ин амалаш шарики ғасби ҳокимияти давлатӣ шуд".


Алим Шерзамонов

Рӯзи ҳамапурсӣ 22-май маълум аст. Агар гӯем аксари кулли раъйдиҳандагон аз ҷузъиёти тағйироти пешбинишуда бехабаранд, хато намекунем. Тарғибот баҳри райпурсӣ оиди тағйиру иловаҳо ба Сарконуни ҶТ, ки минбаъд худи мафҳуми Сарқонун аз он лағв шуданист ба прокуратура вогузор шудаст. 


Чӣ мегуфта бошанд ва кадом бандҳои тағйиротро талақин мекунанд, ки ба нафъи ҳар фард ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бошад? Оё баланд бардоштани ҳадди поини синну солӣ барои номзадҳо ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ ё мамнӯъ кардани интихоб ва таъ��н ба вазифаҳои калидӣ дар мамлакат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маҳз ба «шарофати» ин низом ва намояндагонашон маҷбур ба гузидани шахрвандии Русия низ шуданд, ва акнун ду табаият доранд, ва ё худ ҳамон чанд бандакҳои «ва»-ву «ё» ба дардашон мехӯранд? 


Кадом далелҳои дигареро метавонанд ба ҷонибдорӣ аз гузинаи «Ҳа»-ро дар ин ҳамапурсӣ талақин кунанд? Хоб агар чунин зарурати ҳаётӣ барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонун пеш омада буд, наход ин Сарқонун ба чуз синни президентӣ ва иҷозаи якумра додан ба президенти кунунӣ дигар куллан идиёл буд, ки ягон тағйири дигареро пешбинӣ накарданд?


Албатта агар амалан мехостанд баҳри беҳбуди ҳаёти мардум Сарқонунро тағйир бидиҳанд, кам нестанд бандҳои он, ки воқеан тағйирталабанд, вале банда оиди тағйири калидие, ки маҳз ангезаи асосии ин тағйиротанд ва он ҳам додани хаққи номаҳдуди пешбарии номзадӣ ба Президенти амалкунанда ё худ “Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат” андешахоямро иброз кунам, ки то чи андоза ин амал қонунӣ аст ё хайр. 


Қонуншиканӣ дар раванди қабули чунин тағйироти тақдирсоз сурат гирифт, яъне гуруҳи кӯчаке бар хилофи Сарқонуни мавҷуда хаққи мардумро ба пиёдасозии ҳокимияташон, яъне ҳуқуқи раъй додан маҳрум карданд. Биёед қазоват кунем. Дар раъйпурсӣ мову шумо ба он, албатта аз таҷрибаи интихоботҳо ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон аз касе пӯшида нест, ки «Ҳа» мегӯем, ин аст, ки оё мо ба “Пешвои миллат” ичозаи пешбарии номзадиашро бемаҳдуд хоҳем дод ё на.


Вале ин “Пешво” оё ба таври раъйи умум пешво таъин шуд? Айнан хамин хел мо метавонистем бе қабули қонуни вижае дар бораи “Пешвои миллат” дар раъйпурси барои фарз кардем Қаҳрамони халқи тоҷик иҷозаи пешбарии номаҳдуд диҳем ё худ пеш аз он аз тарафи ҳукумат ба нафаре, фарқ нест он чи нафаре, ягон унвони дигар ё ордени нотакроре медоданд ва сонӣ дар раъйпурсӣ ба ин нафар чизеро ки пешниҳод мекарданд, ичоза медодем. 


Манзурам он аст, ки ба чои райи мардум Мачлиси Намояндагон бо қабули ин қонун банди калидии Сарқонунро бе пурсиши мардум тағйир дод ва ҳар як намояндаи мардумӣ бо ин амалаш шарики ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон шуд. Ва чун дар Конститутсияи мавҷудаи Тоҷикистон Суди Конститутсионӣ аз ягон ваколате бархурдор нест, яъне хаққи тафсири қонунҳоро низ Маҷлиси Намояндагон забт кардааст, пас табиист, ки он сохторе, ки даст ба ғасби хокимияти давлатӣ задааст, хеч институти дигари ҳокимияти давлатӣ имкони ташхиси ин амалро надорад ва хоҳем нахоҳем ин тағйирот қабул хоханд шуд ва рӯзе агар давлати воқеан хуқуқбунёд дар Тоҷикистон барпо шавад, маҳз хамин 63 нафар бояд ба ин амалашон дар назди қонун чавоб диханд, чун расман дигар ягон нафаре ё гурӯҳе дар ин қонуншиканӣ бевосита даст надорад, ҳатто нафароне, ки аз ин тағйирот баҳра мегиранд. 


То ба имрӯз ягон тарғиботе ба роҳ монда нашудааст ва ба назар мерасад дастандаркорони ин маърака кӯшишеро ба харҷ доданӣ нестанд, то мардум бохабар шавад аз он, ки барои чӣ раъй доданист ва ширкат кардан ва ё накардани интихобкунанда дар ин маърака ба касе муҳим нест, чун аз пеш натиҷаҳои он тарроҳӣ шудаанд. Агар дар интихоботҳои парлумонӣ, ки барои як курсӣ дар баъзе ҷойҳо ду се номзад бо нозирони худ ширкат кунанду натиҷаро комиссияҳо ба хости худ ҷамъбаст карда тавонанд, чи расад ба ҳисобкуниҳо дар ин ҳамапурсӣ, ки дар он ягон нозире вуҷуд надорад.


Алим Шерзамонов, 

Раиси бахши вилоятии ХСДТ дар ВМКБ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты